Чорабинии илмию тарбиявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои экологии замони муосир ва муҳимияти баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон»

  Дар толори факултети молия ва андози Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар доираи «Ҳафтаи кафедраи забони русӣ - 2024» чорабинии илмию тарбиявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои экологии замони муосир ва муҳимияти баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон» баргузор гардид. Тибқи дархости Раёсати факултети молия ва андози донишгоҳи мазкур барои мақсаднок гузаронидани вохӯрӣ бо донишҷӯёну устодон намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иштирок намуд. Дар маҷмӯъ, дар чорабинӣ беш аз 60 нафар донишҷӯёни курси 1 ва 2-и ихтисосҳои вобаста ба ҳуқуқшиносӣ ва дигар, инчунин 10 нафар устодон иштирок дошта, дар давоми ду соат ҳам бо забони давлатӣ ва ҳам бо забони русӣ ба онҳо дар бораи мақсади эълон гардидани соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд карда шуд, омилу сабабҳои эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», муаммоҳои ҷаҳонии экологии замони муосир, муҳимияти қабули «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», таъсири тағйирёбии иқлим ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба он, муаммоҳои мубрами экологӣ дар самтҳои ҳифзи муҳити зист ва боз як қатор маълумоти вобаста ба рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон маълумот пешниҳод гардид.

Омӯзиш ва таҳлили татбиқи Барномаи давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод

   Тибқи нақшаи кории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд барои нимсолаи якуми соли 2024 ва нақшаи кории Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят барои соли 2024 рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 22.11.2021, № 442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ», аз он ҷумла фаъолияти Комиссияи минтақавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ҳамзамон, доир ба рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 26.05.2021, № 274 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» омӯзиш ва таҳлили маводи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста мебошанд амалӣ гашта, инчунин бо ҳар як роҳбару шахси масъул сӯҳбат ва барои вусъат бахшидани беҳбудӣ ба корбарии минбаъда дар самти мазкур тавсияҳо пешниҳод гардид.

Вохӯрӣ доир ба баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон

 Тибқи нақшаи пешбинигардида ва дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар синфи экологияи МДТ «Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод» бо хонандагон ва омӯзгорони фанни экология ва биология вохӯрӣ доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи сарраёсат баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист,дар бораи мақсади Барномаи давлатӣ, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, масъалаҳои зарурияти тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, муаммоҳои экологии ҷаҳонии замони муосир, чораҷӯиҳо барои вайрон кардани талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ изҳориақида намуд.

Мизи мудаввар бахшида ба ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар толори факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва санаи 21-уми март - «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд, Маркази обуҳавосанҷии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шуъбаи маориф, олимон ва устодони факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» ва факултети «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгохи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд, васоити ахбори омма иштирок ва баромад намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.