Т
абиат сарвати бебаҳои инсон буда, ҳифзу нигоҳубини он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин раванд, муносибати ғамхорона ба олами ҳайвоноту наботот, бахусус паррандагон, яке аз самтҳои муҳими тарбияи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳифзи паррандагон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фасли зимистонгузаронии онҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, дар доираи ҳамкории судманд байни ташкилоти ҷамъияти “Садо” ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иқдоми неку хайрхоҳона роҳандозӣ гардид. Иқдоми мазкур бо ташаббуси раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Садо” Асадуллозода М. ва дар ҳамкории шӯъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд, директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ Қурбонзода А. ва боғбонони муассиса ба иҷро расонида шуд. Дар доираи ин ташаббуси хайрхоҳона дар ҳудуди боғи фарҳангӣ ва қалъаи таърихӣ барои паррандагон лонаҳои сунъӣ, донхӯракҳо ва зарфҳои махсуси ғизодиҳӣ омода ва дар қисматҳои гуногуни дарахтон насб карда шуданд. Ин иқдом на танҳо як амали одии ғамхорӣ нисбат ба мавҷудоти зинда, балки намунаи равшани масъулияти иҷтимоӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созандаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад.
Конститутсия – бахтномаи миллат
Д
ар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини сардор Розиқзода Нозир кормандонро бо ин санаи таърихӣ муборакбод намуда, зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мақоми махсус дорад. Қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули низоми ҳуқуқии кишварро муайян намуд. Бояд таъкид кард, ки Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дорои аҳаммияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, низоми мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд. Он ифодагари иродаи халқ, рамзи соҳибихтиёрии давлат ва кафили зиндагии осоиштаю ҳуқуқбунёди ҷомеа мебошад. Ҳамзамон сармутахассис оид ба ҳуқуқ баромад карда вобаста ба талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардидани пояҳои давлатдории миллӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ва дар ин раванд нақши муҳими Конститутсияро ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва роҳнамои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ қайд намуд.
Насби баннерхои экологӣ дар шоҳроҳи ноҳияи Ҷ.Расулов
Б
о мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист, ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ ва ронандагон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар шоҳроҳи ноҳияи Ҷ.Расулов 4 адад баннерҳои дорои мазмуни экологӣ ва 3 адад навиштаҷот нав карда шуд. Насби чунин баннерҳои иттилоотӣ дар минтақаҳои сераҳолӣ ва канори роҳҳо ҳамчун воситаи таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ба баланд бардоштани фарҳанги экологӣ, ташаккули муносибати масъулиятноки аҳолӣ ба муҳити атроф ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои экологӣ мусоидат менамояд.
Барномаи мустақим «Саводи экологӣ, аҳамият ва ояндаи он» дар радио «Пайванд»
Д
ар радиостансияи «Пайванд» (100.6 FM), бинои ШТР «СМ-1» дар шаҳри Хуҷанд, бо иштироки самутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд барномаи мустақими 15-уми охирон аз силсила барномаҳое, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии шабакаҳои маҳаллии сулҳсозӣ бо дарназардошти омилҳои иқлимӣ» оѓоз аз моҳи майи соли 2026 ташкил гардида буд, баргузор гардид. Маврид ба қайд аст, ки барномаи мустақим ба мавзӯи «Саводи экологӣ, аҳамият ва ояндаи он» бахшида шуда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ ба амал омад. Давоми 40 дақиқаи барномаи мазкур байни намояндаи радио ва сармутахассиси сарраёсат тавассути саволу ҷавоб масъалаҳои марбут ба саводи муҳитшиносӣ ва муносибати инсон, шаҳрвандон ба муҳити зист муҳокима гардид. Ҳамзамон, рафти барнома дар бораи одобу маданияти экологӣ, ки ин як ҷузъи асосии саводи экологӣ аст, чӣ гуна будани фаъолияти инсон дар шароити тағйирёбии иқлим, оид ба қабули «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030» ва «Кодекси экологииҶумҳурии Тоҷикистон», инчунин вобаста ба рушди тарбия ва донишҳои экологӣ дар оила, муассисаҳои таълимию томактабӣ ва дигар масъалаҳо доир ба мушкилотҳои глобалии экологии замони муосир сӯҳбат карда шуд.
Чорабиниҳои омўзишиву иттилооотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд
Б
о мақсади баланд бардоштани огоҳии хонандагон ва таҳкими донишҳои онҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд санаҳои 24 то 27 октябри соли 2026 дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатии шаҳри Хуҷанд, байни хонандагони синфҳои 7 - 9 семинари омӯзишиву иттилоотӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба раванди банақшагирии миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим роҳандозӣ гардида, дар он ҳамоҳангсози Лоиҳаи нақшаи миллии мутобиқшавӣ Орзу Одинаев ва намояндаи сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят иштирок доштанд. Ҷараёни чорабинӣ ба хонандагон оид ба иқлим, сабабу омилҳои тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ба он ва пайомадҳои он, роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани таъсири он ба муҳити зист ва инсон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим яке аз мушкилотҳои замони муосир дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, таъсири он ба захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ, саломатии инсон ва вазъи умумии муҳити зист торафт бештар эҳсос мегардад.
Страница 1 из 338






