Баргузории вохӯриҳо оид ба масъалаҳои экологӣ

 Бо мақсади баррасии масъалаҳои экологӣ, аз он ҷумла муомилот бо партовҳо, кабудизоркунии маҳалҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар зикр гардиданд, тибқи нақшаи тасдиқгаштаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи масъулини дастгоҳи марказии Кумита бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилов Д. ва Муминов А., намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия, кормандони соҳаи маориф, Маркази назорати давлатии эпидемиологӣ - санитарӣ, ҷамоату шаҳракҳо, Раёсати хоҷагии манзиливу коммуналӣ иштирок доштанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони Кумита оид ба масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла муомилот бо партовҳо, кабудизоркунии маҳалҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, баромад намуданд.

Вохӯрӣ дар Гимназияи №1-и ба номи Камоли Хуҷандии ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов

  Дар доираи гузаронидани омӯзиш ва таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Саидов Х.М. бо хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорони фанни экология ва биологияи Гимназияи №1-и ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Ҷ.Расулов баргузор гардид. Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Аҳмадзода И., директори гимназия Мирдадоев М., намояндаи шуъбаи маориф Пӯлотов Ғ. ва бахши ҳифзи муҳити зист иштирок доштанд. Рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи маориф меҳмонон муаррифӣ гардида, муовини раиси ноҳия сухан кард.

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Шаҳристон

  Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологии қадди роҳҳо, тозаву обод намудани муҳити атроф дар ҷамоати деҳоти Шаҳристон қадди роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд партовҳои бесоҳиб бартараф карда шуд. Ин иқдом аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон роҳандозӣ карда шуда, чунин корҳои ободониву тозакунии муҳити атроф дар шоҳроҳ ва шафати роҳҳо идома дорад.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

  Тибқи нақшаи тасдиқгашта рӯзи шанбеи хафтаи сипаригашта дар шаҳри Хуҷанд оғоз аз гардиши маҳаллаи 28 то гардиши маҳаллаи 34-ум ва аз гардиши маҳаллаи 28 то МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия зиёда аз 450 нафар донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолона иштирок намуда, қадди кӯчаву роҳравҳо,ҷуйборҳо ва ҳудуди маҳаллаҳо аз партовҳои гуногун тоза карда шуданд. Дар натиҷа 12,3 метри мукааб партов ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.