Истаравшан: вусъати корҳо дар самти ниҳолшинонӣ

  2 марти соли 2026 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи "Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040" дар миқёси вилоят маъракаи  ниҳолшинонӣ бомаром идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар ҷамоати деҳоти Сабристон деҳаи Яккатол  ва ҷамоати деҳоти Зарҳалол шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ зиёда аз 550  бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ  шинонида шуд. Тибқи нақша соли равон дар шаҳри Истаравшан шинонидани  64800 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда пешбинӣ гардидааст.

Идомаи корҳои кабудизоркунӣ дар ноҳияи Айнӣ

  28 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву сабзгардонӣ бо маром идома ёфтанд. Дар ин замина, дар шаҳраки Зарафшон-2-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон чорабинии навбатии ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар рафти маърака раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ва сокинони фаъоли маҳаллӣ иштирок намуда, саҳми худро дар зебо гардонидани муҳит гузоштанд. Бо ташаббус ва дастгирии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия барои гузаронидани чорабинӣ 500 бех ниҳоли сӯзанбарги навъҳои туякӣ ва арча ҷудо карда шуд. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба шинонидани ниҳолҳо машғул гардида, дар беҳтарсозии фазои экологии маҳал саҳм гузоштанд. Қобили зикр аст, ки чунин иқдомҳо дар чорчӯбаи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ мешаванд. Ҳамзамон, дар мавзеи дашти Похути Ҷамоати деҳоти Рарз 2000 бех ниҳоли қарағоҷ шинонида шуд. Илова бар ин, ҳайати шахсии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар заминҳои хоҷагии ёрирасони худ 400 бех ниҳоли мевадиҳандаи себ ва зардолу шинониданд.

Тақвияти фаъолияти ниҳолпарварӣ дар шаҳри Конибодом

  Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ ва рушди низоми кабудизоркунӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва Раиси шаҳри Конибодом Зоҳидзода Даврон аз ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри мазкур боздид намуданд. Ниҳолхона дар масоҳати 2,5 гектар доман паҳн карда, яке аз пойгоҳҳои муҳими таъминоти ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Дар он парвариши санавбар, кипарис, можжевельник, дуб, каталпа, акасия ва сафедор ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар ниҳолхона зиёда аз 51 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни ороишӣ ва ҳамешасабз парвариш меёбанд, ки барои таъмини маъракаҳои кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳо равона карда мешаванд. Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсол ва нигоҳубини ниҳолҳо таъкид гардид, ки рушди чунин хоҷагиҳои соҳавӣ заминаи устувор барои татбиқи барномаҳои давлатии сабзгардонӣ ва беҳтарсозии вазъи экологии кишвар фароҳам меорад. Ҳамзамон, дар идомаи тадбирҳои амалии ободониву кабудизоркунӣ дар канори роҳи Конибодом–Хуҷанд 200 бех ниҳоли кипарис ва санавбар шинонида шуд. Тибқи нақша, дар маҷмӯъ дар ин қитъаи роҳ шинонидани 2700 бех ниҳол пешбинӣ гардидааст, ки ба беҳдошти манзараи роҳ, коҳиши таъсири омилҳои манфии муҳити зист ва ташаккули фазои сабзи муосир мусоидат хоҳад кард.

Дарси кушоди экологӣ дар муассисаи томактабии шаҳри Хуҷанд

  Тибқи дастурамали «Роҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ»дар 5 муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон дарсҳо ва машғулиятҳои нави экологӣ ба таври озмоишӣ гузаронида шуда истодаанд. Дар яке аз онҳо сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва намояндаи масъули Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», ки ташкилкунандагони таҳияи дастурамали болозикр мебошанд, иштирок намуданд. Дар толор барои машғулиятҳои мусиқии ширхоргоҳ – кӯдакистони № 18-и шаҳри Хуҷанд дарси кушоди экологӣ бо забони русӣ таҳти унвони «Берегите природу» бо иштироки наврасони гурӯҳи омодагӣ баргузор гардид. Рафти дарси кушод бахшида ба самтҳои ҳифзи муҳити зист, аз он ҷумла олами набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо, роҳ надодан ба ифлосшавии оби дарё, ҳифзи ҷангал, ба хелҳо ҷудо намудани партовҳо ва ғайра машғулиятҳои иттилоотӣ ва ҳам амалӣ аз ҷониби мураббӣ – эколог гузаронида шуд. Бо хоҳиши мудири кӯдакистон аз тарафи сармутахассиси сарраёсат дар бораи ҳадафи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намудҳои нодир аз олами набототу ҳайвонот барои наврасон гуфта шуд. Ҳамчунин, барои минбаъд рушд ёфтани корбарӣ бо муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳо, расонидани кӯмак дар баргузории дарсҳои экологӣ ва ба даст овардани аёниятҳои зарурӣ дар нақшаи наздик пешбинӣ гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.