Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Суҳроб Холзода бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Бо як ҷаҳон ифтихору арҷгузорӣ ҳамаи Шумоёнро бо ҷашни бузурги миллат 35-умин солгарди Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шуморо самимона табрику таҳният  мегӯям. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери Парчами миллии худ ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо меҳнати бунёдкорона мушкилоту монеаҳои сангинро паси сар намуда кишвари маҳбубамонро ба марҳилаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонад. Бо шарофати ин ҷашн оромию субот дар кишвари азизамон дучанд гардида, мардуми сарбаланди мо дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои хеш ба дастовардҳои арзанда мушарраф ва дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Президенти мамлакат пайваста  саҳмгузоранд. Бо изҳори ниятҳои нек ҳамаи дӯстдоронитабиат, табиат-истифодабарандагон, собиқадорон ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро бо ҷашни муқаддас 35- умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саодатмандиву иқболи нек, пешрафту дастовардҳои  навин дарфаъолиятимеҳнатӣ баҳриҳифзитабиатибоюнотакрориВатанибиҳиштосоямон орзумандам. Бигузор сулҳу субот ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории истиқлолияти  кишвари азизамон  поянда ва ҷовидон  бимонад. Ҷашни  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборак!

Скачано с веб-сайта JooMix.org.