Чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки аъзоёни раванди «Нозирони сабз» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Истиқлол

  Давоми се соли охир Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории зич дошта, дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» бо 6 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол ва 4 адад ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров корбарӣ менамояд. Дар ин давра раванди «Нозирони сабз» дар муассисаҳои таълимии мазкур ташкил гардида, ҳар сол як қатор чорабиниҳои гуногуни экологӣ бо мақсади рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон гузаронида мешавад.

Вохўрӣ бо омўзгорону донишҷўёни МДТ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ»

 Дар доираи гузаронидани омўзиш ва таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар МДТ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» вохўрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Саидов Х.М. бо беш аз 120 нафар омўзгорону донишҷўён баргузор гардид. Ҳамчунин, дар чорабинӣ директори коллеҷи мазкур Марҳамзода П., роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Ашӯров Х., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Азиззода С. ва мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия Сангинов С. иштирок доштанд.

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аъзоёни ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон дар ҷамоати деҳоти Деҳмой, минтақаи Туқайи соҳили дарёи Сир корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ, ки ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ сукунат доранд, ба миқдори умумии маҳсулоти ғаладонагиҳо - 250 кг ва бастаҳои хошок пошида шуд.

Аксияҳои «Тозагии шоҳроҳ ва соҳил» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи тасдиқгашта бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани шафати роҳҳо, манбаъҳои обӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ аксияи «Тозагии шоҳроҳ» ва дар ҷамоати деҳоти Сомониён аксияи «Тозагии соҳил» ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои миёнаи таълимии умумӣ ва аҳолӣ фаъолона иштирок намуда, қадди роҳи протоколӣ ва каналу ҷуйборҳо аз алафҳои хушк,зарфҳои пластикӣ ва дигар намуди партовҳо тоза карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.