Дар як қатор муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дарсҳои экологӣ оғоз гардид

  Иқдоми мазкур аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» пешбинӣ ва амалӣ гардида, ҳадафи баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва ташаккули фарҳанги муносибати масъулона ба табиат дар ҷомеаро дошт. Дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гуруҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва Раёсати маорифи вилоят дар 5 муассисаҳои томактабии  шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон, ки дар доираи лоиҳа ҳамчун пилотӣ интихоб гардидаанд, машғулиятҳои нави экологӣ ба таври озмоишӣ роҳандозӣ карда шуд. Барои гузаронидани дарсҳои экологии мазкур дар ҳамкорӣ бо методистон ва мутахассисони Раёсати маорифи вилоят махсусан як дастурамал - «Роҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» давоми соли 2025 таҳия гардид, ки минбаъд ҷиҳати шавқовар, дастрас ва бо тарзи муосир ташкил намудани машғулиятҳо ба мураббиёни кӯдакистонҳо кӯмак мерасонад.

Идомаи корҳои биотехникӣ дар доираи амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» дар шаҳри Панҷакент

  Дар шаҳри Панҷакент аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар мавзеъи «Чиларча»-и ҷамоати деҳоти Саразм ва мавзеъи «Парваришгоҳи шаҳри Панҷакент» корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Бо мақсади таъмини олами ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ бо хӯроки иловагӣ 300 кг гандум, 350 кг ҷав, 100 кг оқшоқ, 200 кг маккадона, 350 кг хӯроки омехта (комбикорм), 150 кг намак ва 90 кг сангнамак, 80 халта сабӯс, 50 ададӣ бастаи каҳ ва алаф харидорӣ гардида, дар талу теппаҳо ва доманакӯҳҳои мавзеъҳои мазкур, ки минтақаи сукунати ҳайвоноти ваҳшӣ ва намуди бисёри парандаҳо, аз ҷумла кабк ба ҳисоб меравад пошида шуд. Тибқи маълумоти мутахассисону коршиносон то айни ҳол талафоти ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳавои фасли зимистон ба қайд гирифта нашудааст.

«Паём – кафили зиндагии шоистаи мардум» - ҳамоиши омӯзишӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расонидани муҳтавои он ба кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, инчунин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» дар маҷлисгоҳи сарраёсат ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши омӯзишие, ки таҳти унвони «Паём – кафили зиндагии шоистаи мардум» ба амал омад, мудири шуъбаи омори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Нурзод Розиқ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Ф., намояндаи кумиҷроия дар вилоят Бобоева З. ва дотсент, номзади илмҳои география, сармутухассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» Турдиев Т. иштирок ва суханронӣ карданд. Ба чорабинии мазкур муовини сардори сарраёсат ҳусни ифтитоҳ бахшида, зимни суханронии худ масъалаҳои сарҳадӣ, ташаббусҳои Тоҷикистону қабули қатъномаҳо ва дигар рӯйдодҳои таърихии дар Паёми навбатӣ қайдгардидаро таъкид намуд.

Тадбирҳо баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист дар шаҳри Конибодом

  Баҳри вусъат бахшидан ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом вохӯрии муовини раиси шаҳр, мудири бахши ҳифзи муҳити зист ва сардори КДФ «Хаҷагии манзилию коммуналӣ» бо раисони Кумитаи маҳаллаҳои шаҳр дар толори хоҷагии манзилию коммуналӣ баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ ба амал омада, ҳамчунин дар рафти чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба тартибу танзим даровардани ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои истеъмолии аҳолӣ ва фаъолона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ муҳокима карда шуд. Минбаъд, тибқи нақшаи пешбинигардида иқдоми мазкур идома ёфта, барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва атроф тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.