Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати Соли нави милодии 2026

  Фарорасии соли нави 2026-ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда, соли навбатии созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки ҳар яки мо дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози соли таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳми арзандаи худро гузошта, дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешавем. Ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ҳамаи ҳамкасбон, собиқадорон ва дӯстдорони табиатро аз самими қалб  шодбош гуфта, ба ҳар яки шумоён сиҳатмандиву саодати рўзгор, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Бигузор соли нави милодӣ барои ҳар як хонадони халқи тоҷик соли сулҳу оромӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои навин оварад.

  Соли нави милодӣ муборак!

Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Истаравшан

  Дар асоси нақшаи корӣ, аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ва Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали шаҳр дар минтақаи Навобод корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Корҳои биотехникӣ бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ҳамасола дар фасли сармо дар минтақаҳои куҳӣ гузаронида мешавад.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият  дар соли 2025  бо иштироки  намояндаи  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Гулрухсор, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва кормандони сарраёсат баргузор гардид. Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол, муовини Раиси вилояти Суғд  Файзулло  Қосимӣ, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Гулрухсор аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо вобаста ба натиҷаи фаъолият дар ҳамаи самтҳои соҳа пурсиш намуда, вобаста ба татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ ва ташкили ниҳолхонаҳо, пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ  дастуру супоришҳо дода шуд.

Семинар оид ба таҷриба дар пешбурди таълим ва маърифати экологии ҷавонон дар шаҳри Бӯстон

  Дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, «Клуби экологӣ»-и донишкадаи мазкур ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ семинар оид ба таҷриба дар пешбурди таълим ва маърифати экологии ҷавонон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, устодон ва донишҷӯёни аъзои «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Сафи» ва «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Баъд аз суханҳои ифтитоҳӣ презентатсия ва баромадҳо дар бораи фаъолияти «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар соли 2025 ва лоиҳаи GREEN ROOTS, фаъолияти Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва ТҶ «Сафи», инчунин аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист иштирокдорон бо натиҷаҳои асосии татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар вилоят шинос карда шудаанд. Дар рафти семинар байни иштирокчиён саволу ҷавоб ба миён омада, аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба ҳамаи онҳо маълумоти мушаххас пешниҳод гардид ва дар интиҳо, тибқи барнома, доир ба дурнамои фаъолияти муштарак дар соли 2026 намояндагони мактабҳои олӣ ва дигар иштирокдорон изҳори ақида намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.