Назорати ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои ҳаракаткунанда дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров

  Аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсати ҳифзимуҳитизист дар вилоят якҷоя бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Амалиёти мазкур бо мақсади назорат ва кам намудани ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои ҳаракаткунанда дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ доир гардида, воситаҳои нақлиёт аз санҷиши аналитикӣ гузаронида мешавад. Дар рафти амалиёт 78 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз чунин санҷиш гузаронида шуда, нисбати ронандагони 14 адади онҳое, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақсади чораандешии зарурии минбаъда тартиб дода шуд.

Баргузории аксияи экологӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар «Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд»

  Бахшида ба 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар МД «Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд» аксияи экологӣ баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки дар аксияи мазкур ғайр аз кормандони сарраёсат ва ташкилоти ҷамъиятӣ, сармуҳарии рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд, кормандони «Боғи ботаникӣ», намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, омӯзгорону хонандагони аъзоёни раванди «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 6 адад шаҳри Истиқлол ва 4 адад ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, омӯзгорону хонандагони МДТ «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд», дар маҷмуъ беш аз 200 нафар иштирок доштанд. Тибқи барномаи чорабинӣ пас аз суханҳои ифтитоҳии сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, сармуҳарии рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва директори ТҶ«Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», аз ҷониби мудири МД «Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд» маълумоти мухтасар дар бораи боғ ба иштирокчиён пешниҳод гардида, дар баробари иҷрои корҳои ободонӣ, тоза кардани минтақаҳои боғ аз пасмондаҳои табиӣ ва дар соҳили дарёи Сир аз партовҳои пластикӣ, ҷамъоварии тухмии дарахтони сада (қайроғоч), ки ба роҳҳои дохили боғ бо вазидани шамол аз дарахтон рехта шудааст, инчунин озмуни ҳунарҳоаз партовҳоюмасолеҳитабиӣва викторина байни хонандагони аъзоёни «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд.

22 апрел - Рӯзи байналмилалии Замин

 Рӯзи Замин ҳамасола 22 апрел ҷашн гирифта мешавад. Соли 1969 бузургтарин резиши нафт дар наздикии шаҳри Санта Барбараи штати Калифорнияи ИМА рух дод. Бар асари садама дар платформаи истихроҷи оффшорӣ чанд миллион тонна нафти хом ба уқёнус рехта шуд. Натиҷаҳои фалокатовар буданд: ҳазорҳо парандагон ва ширхӯрони баҳрӣ кушта шуданд ва саршумори моллюскҳо дар соҳил 90 % коҳиш ёфт. Зарари дақиқи ба муҳити зистро ҳисоб кардан ғайриимкон аст, ҳайвонот ва растаниҳои зарардида танҳо дар баҳр бе нишона нопадид шуданд. Ҳоло ҳам ин резиши нафт аз рӯи миқёс дар ҷои сеюм аст. Фалокат ба иқтисодиёти ИМА, хусусан ба штати Калифорния ва афкори ҷамъиятӣ таъсир расонд. Пас аз як сол, узви сенат Гейлорд Нелсон аз амрикоиҳо даъват кард, ки дар як иқдоми густурдаи экологӣ ба хотираи офати табиӣ ширкат кунанд. Санаи 22 апрели соли 1970 дар тамоми мамлакат бештар аз 20 миллион нафар одамон ба ин даъват ҳамовоз шуданд, эътирози васеи аҳли ҷамъият боиси қабули як қатор қонунҳои муҳими муҳофизати муҳити зист гардид. Ин иқдом ҳарсола гардида, соли 1990 байналмиллалӣ эълон шуд. Соли 2009 Маҷмаи Умумии СММ қарор қабул намуд, ки ҳамасола санаи 22 апрел чун Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда шавад. Ҳадаф аз чунин иқдом – ҷалби оммаи васеъ ба масоили мубрами ҳифзи муҳити зист мебошад.

Баргузории вохӯрӣ бахшида ба 15 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ дар ноҳияи Деваштич

  Ҳангоми гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Деваштич, бахшида ба 15 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ дар толори маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорони фанни экология ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва пешниҳоди маълумот дар бораи ин санаи муҳими экологӣ дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ташкил карда шуд. Дар баробари ин, рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат маълумот оид ба муаммоҳои экологии ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, захираҳои об, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва дигар вобаста ба мавзуъ пешниҳод гардид. Дар интиҳои вохӯрӣ ба китобхонаи шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич ду ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводи иттилоотӣ аз номи сарраёсат тақдим карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.