Иштироки Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Иди Сада

  Санаи 31 январ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷашни Иди Сада дар баробари дигар сохтору ташкилотҳо кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят фаъолона иштирок доштанд. Дар ярмарка фурӯш аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист ниҳолҳои дарахтони нодиру ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо ба монанди санавбар, сарви аризонӣ, сарвинози тиллоӣ дар кӯза, коҷи кабуд, шамшоди калон, палма, магнолия, булут, каштани калон, каталпаи зебо, чинор, булут, сада, бирючинаи ҷилодор, юкка, коҷи кабуд ва гулҳои мавсимӣ ба намоиш гузошта шуд. Тибқи талабот ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳо бо шиору овезаҳо ва зарфҳои махсус оро дода шуда, номгӯи ҳар яки онҳо бо навиштаҷот гузошта шуд. Дар интиҳо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист барои ҳиссагузорӣ дар ярмарка фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии зироатҳо бахшида ба Иди Сада бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилоят қадрдонӣ карда шуд.

2 феврал – Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обиву ботлоқӣ

 Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Шиори имсолаи Рӯзи мавзеъҳои обию ботлоқӣ - мавзеъҳои обию ботлоқӣ ва беҳбудии инсон ном дорад. Ин шиор таъкид менамояд , ки то чӣ андоза тамоми ҷанбаҳои некӯаҳволии мо бо вазъи саломатии ин экосистемаҳои  беназир алоқаманданд ва моро ташвиқ мекунанд, ки ин мавзеъҳоро  қадр ва ҳифз  намоем. Бе оби тоза мавҷудияти инсон  ғайриимкон аст ва  ин мавзеҳо манбаи муҳимтарини он мебошанд. Танҳо 2,5% оби сайёра оби тоза аст. Ва танҳо 1% ин об барои истифодаи инсоният дастрас аст.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод

  Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва солим гардонидани муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист ва нақша чорабиниҳои тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо иштироки раиси ноҳия Исмоилзода З. ва дигар масъулон доир гардида, дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод 130 бех дарахтони ороишиву сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд

Аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Айнӣ

 Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист, беҳтарнамуданивазъиэкологӣ, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаюозоданигоҳ доштани маҳалли зист дар ноҳияи Айнӣ аксияи “Тозагии маҳал” ташкил ва гузаронида шуд. Аксия бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ  бо иштироки беш 180 нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони корхонаву ташкилот гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия қаддироҳҳо ва шоҳроҳҳо, ҳудуди  маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.