Дар сарраёсати ҳифзимуҳитизисти вилоятиСуғд ҷаласаи навбатии назоратӣ бо иштироки роҳбарияти сарраёсат, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзимуҳитизист дар шаҳруноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2040», иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2021, № 626 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб» дар шаҳру ноҳияҳо, натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар моҳи феврал ва натиҷаи санҷиши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти сарраёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Деваштич, Истаравшан, Гулистон, Зафаробод, Панҷакент ва Айнӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Пас аз шунидани баромади таҳлилӣ аз тарафи сардори Сарраёсат Холзода С.Х. вобаста ба масъалаҳои болозикр, аз он ҷумла барои иҷрои пурраи нақшаҳои ташкили ниҳолхонаю шинонидани ниҳолҳо дар ҳамҷоягӣ бо дигар сохторҳо, пурзӯр намудани фаъолияти комиссияҳои доимоамалкунандаи маҳаллӣ оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳои бесоҳиб, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолият то ҷамъбасти семоҳаи якум супоришҳо дода шуд.
Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Истаравшан
Ҳангоми сард омадани ҳаво тибқи нақшаи корӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар ҷамоати деҳоти Нофароҷ деҳаи Навобод корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии кунҷора - 120 кг, сабус - 50 кг, намак - 20 кг, резаи гандум – 50 кг, 10 адад бастаи беда, 10 адад бастаи гандум пошида шуд. Тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди кабк, харгӯш, гург, уқоб ва дигар намуди парандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.
Чорабинии илмӣ – адабӣ «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» дар муассисаи таълимии шаҳри Хуҷанд
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хуҷанд чорабинии илмӣ–адабӣ таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» бахшида ба эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иштирок дошта, аз ҷониби хонандагони синфҳои 2 – 9 муассисаи таълимӣ дар бораи пиряхҳо ва обҳои Тоҷикистон, тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март - «Рӯзи байналмилаии пиряхҳо» намоиш ва маълумот пешниҳод карда шуд. Боиси қайд аст, ки як қатор дарсҳои кушоди намунавӣ дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт» дар синфи 6 доир ба сариштакорӣ ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани манбаҳои обӣ, «Олами наботот ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон» дар синфи 3 оид ба ҳифз намудани олами наботот баргузор гардида, инчунин таҷрибаи самти кимиёвӣ низ вобаста ба мавзӯъ намоиш дода шуд. Дар охири чорабинӣ ба китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хуҷанд аз номи сарраёсат 2 ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Дар ноҳияи Мастчоҳ татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд
Тибқи нақшаи кори Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд барои соли 2025 фаъолияти чунин Комиссияи байниидоравии минтақавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳаз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Дар натиҷа маводи ҷойдоштаи ҳамаи сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дахлдор санҷида шуд. Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии агросаноатии ноҳияи Мастчоҳ» бо иштироки хонандагону омӯзгорон вохӯрӣ доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, муаммоҳои глобалии экологӣ дар самтоҳи ҳифзи ҳавои атмосфера ва захираҳои об, муҳимияти баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ сармутахассиси сарраёсат изҳориақида намуд. Дар охири чорабинии иттилоотӣ ба китобхонаи литсейи мазкур 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» аз номи сарраёсат тақдим гардид.
Еще статьи...
- Назорати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар ноҳияи Спитамен
- Чорабиниҳои ниҳолшинонӣ бо иштироки аъзоёни раванди «Нозирони сабз» дар муассисаҳои таълимӣ
- Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024
- Ишғоли ҷойи намоёни аъзои «Нозирони Сабз» аз шаҳри Истаравшан дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни волонтёрон