Нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

 Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 9 феврали соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин», «Саломат бошед», «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс», «Озодӣ»,«Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои Суғд, ШТР «Азия», СМ-1, «Сафина», «Синамо»,  «Диёр», «7 Ситора» , радиоҳои «Замон», «Пайванд» «Шаҳри ман»  дар маҷмӯъ 35 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2023 дастрас гардид.

Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Истаравшан

 Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии муҳити зист дар маҳалҳои аҳолинишин  имрӯз дар шаҳри Истаравшан маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид. Бо иштироки фаъолонаи аҳолии ҷамоату деҳот, сохторҳои масъул дар яке аз мавзеъҳои марказии шаҳр назди бинои Қасри фарҳанг 1000 бех дарахтони ороишию ҳамешасабз  шинонида шуд. Ҳамзамон дар ин минтақа бо ҷалби техника тозагии соҳил гузаронида шуда, корҳо дар ин самт минбаъд низ идома меёбад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Бӯстон

  Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳри Бӯстон ҳашарҳои дастаҷамъона ва шанбегӣ бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун, намояндагони соҳаи тиб, маориф ва сокинон гузаронида мешавад. Ҳафтаи сипаригашта дар шафати кӯли шаҳрӣ маъракаи ниҳолшинонӣ ва шанбегӣ доир гардида, дар ин мавзеъ  бо иштироки роҳбарияти шаҳр зиёда аз 250 бех ниҳолҳои ороишиву санавбар шинонида шуда,  барои риояи қоидаҳои агротехникӣ, нигоҳубини доимӣ, объёрии саривақтии ниҳолҳо  ба масъулон супоришҳо  дода шуд.

Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Панҷакент

 Дар асоси нақшаи корӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо мақсадибеталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар гардишгоҳи №5 мавзеъи Чиларчаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии резаи гандум - 100 кг, ҷав - 70 кг, кунҷора - 80 кг, сабус - 100 кг, банди алаф - 500 кг, намак - 150 кг,ҷуворимакка - 100 кг пошида шуд. Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ҳолати сард омадани ҳаво дар дигар мавзеъҳои баландкуҳи Панҷакент низ дар назар аст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.