Аксияи «Тозагии маҳал» дар минтақаи истироҳатии Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон

  Мавзеъи зебоманзари Хуррамдара дар ноҳияи Шаҳристон ҳамасола  дар мавсими истироҳатӣ ба як макони серодам табдил меёбад. Аммо, мутаассифона, дар баробари зиёд шудани теъдоди истироҳаткунандагон, сатҳи ифлосшавии муҳити зист низ рӯ ба афзоиш дорад ва ҳолатҳои сершумори ифлосшавии соҳилҳои манбаъҳои обӣ, ғайрирасмӣ партоф-тани партовҳо ба назар мерасад. Бо мақсади таъмини амнияти экологӣ, ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистон, дар минтақаи истироҳатии Хуррамдара  бо иштироки зиёда аз 300 нафар кормандони корхонаву ташкилот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд. Рафти аксия манбаъҳои обӣ - ҷуйбору сойҳо ва роҳҳо  аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, ба миқдори  25 м3  партов  бароварда шуд.

 

Иқдоми сабз: Дар Мастчоҳ беш аз 5 гектар заминҳои ниҳолпарварӣ бо оби доимӣ таъмин шуданд

  Бо мақсади таҳкими иқтидори истеҳсолии хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист, фароҳам овардани заминаҳои устувор барои татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ ва таъмин намудани обёрии мунтазами заминҳои ниҳолпарварӣ дар ноҳияи Мастчоҳ чоҳи амудии об мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чоҳи мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳудуди хоҷагии ёрирасон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кофта шуда, ҳадаф аз бунёди он таъмини оби доимӣ барои обёрии заминҳои таҳти истифода ва ниҳолхонаи бахш мебошад. Иншооти мазкур обёрии наздик ба 50 гектар заминро таъмин намуда, ба рушди соҳаи кабудзоркунӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард. Дар маросими ба истифодадиҳии чоҳи амудӣ ва оғози обёрии заминҳои хоҷагии ёрирасон раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ширкат варзиданд. Раиси Кумита Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ аз ҷумла изҳор дошт, ки бунёди чоҳи амудӣ дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист иқдоми муҳиму саривақтӣ дар самти амалӣ намудани барномаҳои экологӣ ва кабудизоркунии минтақа мебошад. Гуфта шуд, ки он на танҳо ба парвариши ниҳолҳо, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳсозии муҳити зист замина мегузорад. Лозим ба ёдоварист, ки соли равон бо қарори дахлдори раиси ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ аз ҳисоби заминҳои фонди захиравии ноҳия 5 гектар замин ба ихтиёри бахши ҳифзи муҳити зист ҷудо гардида, дар он тадриҷан ниҳолҳои ба иқлими маҳаллӣ мутобиқ шинонида ва парвариш карда мешаванд.

Ифтитоҳи маҷлисгоҳи замонавӣ ва баргузории ҷаласаи сайёри Кумита дар вилояти Суғд

7 августи соли 2025 дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маҷлисгоҳи нав  бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардорони раёсат ва намояндагони дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳо ва раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, марказҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалишавандаи соҳавӣ ифтитоҳ гардид. Сохтмони маљлисгоњ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, он дорои 200 ҷойи нишаст буда, бо усули замонавӣ сохта муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон ҷаласаи сайёри мушовараи Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардорони раёсат ва намояндагони дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳо ва раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, марказҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалкунандаи соҳавӣ баргузор гардид.

Ҷамъбасти озмуни «Зарурати ҳифзи пирьяхҳо барои ояндаи сайёраи сабз» байни мактаббачагон

  Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар мавзӯи «Зарурати ҳифзи пирьяхҳо барои ояндаи сайёраи сабз» доир гардид. Дар он муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Абдумаликзода Б.А., муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Хоҷибоева Р., омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Зимни баромад муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Абдумаликзода Б.А. барои иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ташаккул додани мавқеи фаъоли онҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҷалби онҳо дар ҳалли муаммоҳои экологӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ изҳори ақида намуд. Ҳамзамон муовини  директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят  Хоҷибоева Р. баромад намуда, баргузории чунин озмунҳои экологиро дар байни мактаббачагон саривақтӣ арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи мактаббачагон ба масъалаҳои экологӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳо бештар шудааст, ки ин ба баланд шудани маърифати экологии онҳо  мусоидат менамояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.