Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод

  Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва солим гардонидани муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист ва нақша чорабиниҳои тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо иштироки раиси ноҳия Исмоилзода З. ва дигар масъулон доир гардида, дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод 130 бех дарахтони ороишиву сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд

Аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Айнӣ

 Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист, беҳтарнамуданивазъиэкологӣ, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаюозоданигоҳ доштани маҳалли зист дар ноҳияи Айнӣ аксияи “Тозагии маҳал” ташкил ва гузаронида шуд. Аксия бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ  бо иштироки беш 180 нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони корхонаву ташкилот гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия қаддироҳҳо ва шоҳроҳҳо, ҳудуди  маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза карда шуд.

Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар нақби Истиқлол ва Шаҳристон

 Бо мақсади тозаву  обод нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати санитариву экологӣ ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологӣ дар назди нақби Истиқлол ва Шаҳристон  2 адад қуттӣ барои ҷойгиронии партовҳои пластикӣ гузошта шуд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт

 Баҳри иҷроиши қарори раиси вилояти Суғд аз 22.11.2024, № 363 «Дар бораи таъсиси Ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд барои солҳои 2023-2024»  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад. Чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар асоси қарори раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо дар ноҳияи Ашт гузаронида шуд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия то охири моҳи январ дар мавзеи шаҳраки Шайдон, қадди роҳҳои протоколӣ, ҷамоатҳои деҳоти  Меҳробод, Шодоба ва Ошоба, шоҳроҳи Хуҷанд - Ашт ҳамагӣ 7400 бех ниҳолҳо, аз он ҷумла  200 бех сояафкан,  7100 бех ҳамешасабз ва ороишӣ ва 100 бех мевадиҳанда, аз он ҷумла 200 бех гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.