11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор

  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои  ҷадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ  ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад  ва қариб  15  фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад. Ҳудуди вилояти Суғд асосан аз кӯҳҳо иборат мебошад. Аз тарафи шимол қаторкӯҳҳои Қурама (баландиаш то 3769 м), аз тарафи ҷануб қаторкуҳҳои Туркистон (баландиаш то 5509 м) ва хамгашти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст.

Шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар соҳили дарёи Сир

  Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизор-кунӣ, баҳри татбиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол,№ 296 бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд дар соҳили дарёи Сир ва атрофи майдонҳои ҳудуди он беш аз 300 бех ниҳоли ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Ин иқдом бо ташабуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр роҳандозӣ гардида, ниҳолҳои санавбар мутобиқ ба талаботи меъёрҳои агротехникӣ шинонида шуданд.

Вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Гулистон

  Тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, дар доираи гузаронидани санҷиши мазкур вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳр ташкил ва баргузор гардид. Мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф, омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва муовини директор оид ба тарбия, омӯзгори фанни экология ва хонандагон бахши 3-и ҶДММ «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» вохӯрӣ бо сармутахассиси сарраёсат доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ изҳори ақида карда шуд.

Чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат»

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи худ чорабинии тантанавиро таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бо иштироки кормандони ҳамаи шуъбаҳои назоратӣ барпо намуд. Дар рафти чорабинӣ сардори шуъбаи сарраёсат сухан карда, ҳамчунин баромади сармутахассиси шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши Парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон» шунида шуд. Боиси қайд аст, ки барои гирифтани баҳраи маънавӣ ва ҳам сиёсӣ ба иштирокдорони чорабинӣ дар маҷмуъ, ба таври муфассал таърихи қабул, маънои рангҳои Парчами давлатӣ ва аҳамияти муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.