Д
ар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, «Клуби экологӣ»-и донишкадаи мазкур ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ семинар оид ба таҷриба дар пешбурди таълим ва маърифати экологии ҷавонон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, устодон ва донишҷӯёни аъзои «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Сафи» ва «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Баъд аз суханҳои ифтитоҳӣ презентатсия ва баромадҳо дар бораи фаъолияти «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар соли 2025 ва лоиҳаи GREEN ROOTS, фаъолияти Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва ТҶ «Сафи», инчунин аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист иштирокдорон бо натиҷаҳои асосии татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар вилоят шинос карда шудаанд. Дар рафти семинар байни иштирокчиён саволу ҷавоб ба миён омада, аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба ҳамаи онҳо маълумоти мушаххас пешниҳод гардид ва дар интиҳо, тибқи барнома, доир ба дурнамои фаъолияти муштарак дар соли 2026 намояндагони мактабҳои олӣ ва дигар иштирокдорон изҳори ақида намуданд.
Семинар оид ба таҷриба дар пешбурди таълим ва маърифати экологии ҷавонон дар шаҳри Бӯстон
Добавить комментарий


