Мониторинги экологӣ

Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд моҳи ноябри соли равон, тибқи нақшаи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги экологии ҳолати минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои вилоятро гузаронида, тағирёбии тамоюли таъсир ба ҳолати фазои атмосфераю манбаҳои обӣ ва дараҷаи радиатсия муайян карда шуд. Дар мавзеҳои Надок-сой ва Навгарзан-сойи ноҳияи Ашт, дар масофаи 150 – 500 метр дур аз сарҳад намунаҳои таркиби ҳавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Ҳамзамон мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардид. Натиҷаҳои ченкунӣ нишон дод, ки нишондодҳо аз консентратсияи ҳадди ҷоиз зиёд нест. Ғайр аз он, дар ноҳияи мазкур фулузоти вазнин дар об ва таркиби намунаҳои хок муайян гардид ва аз меъёр зиёд будани мис (Cu), оҳан (Fe), фтор (F), кадмий (Cd) ва руҳ (Zn) ба қайд гирифта нашуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар доираи 1300 рузи меҳнати зарбор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Дар доираи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида дар давоми моҳи ноябри соли равон бахшида ба 1300 рузи меҳнати зарбор ба истиқболи 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Гулистон, Бўстон, Истиқлол, Истаравшан, Б.Ғафуров, Зафаробод, Деваштич, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов ва Шаҳристон, дар маҷмуъ 3 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар рафти аксия ҳамагӣ 54,4 ҳазор нафар иштирок намуда, дар натиҷа як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷониби иштироккунандагон корҳои тоза кардани ҷўйбор – 85,8 км, тоза намудани ҳудуд – 24,7 ҳазор метри мураббаъ, тоза намудани қадди роҳҳо – 24,4 км, тоза намудани соҳилҳои обӣ – 500 метр, тоза намудани заҳбур ва канал – 1,9 км, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона – 3,2 ҳазор метри мураббаъ, сафед намудани роҳгашт – 550 метр иҷро гардида, ба партовгоҳҳо 276,3 метри мукааб партов бароварда шуд.

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Мувофиқи нақшаи кории раёсат дар якҷоягӣ бо БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади назорати давлатӣ ва кам намудани партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар давоми моҳи ноябри соли равон 2 маротиба амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Бўстон ва шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти мазкур санҷиши партовҳои моддаҳои зарарнок аз 55 адад воситаи нақлиёти тамғаашон гуногун гузаронида, дар натиҷа нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиётӣ, ки ихроҷи моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намуда, меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Сайёҳӣ тайи солҳои охир дар кишвар бамаротиб рушд ёфта, маҳз бо ташаббус ва роҳандозии барномаҳои мушаххаси Ҳукумати кишвар сайёҳӣ аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бино ба иттилооти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов яке аз мавзеҳои куҳану таърихӣ қалъаи «Хитойреза», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ.Расулов воқеъ буда, асрҳои 18-19 сохта шудааст. Қалъа аз даҳ манора иборат буда, диаметри он аз 4,8 то 6,5 метр ва баландиаш то 5 метр буда майдони умумии он 4 гектарро ташкил медиҳад. Масофаи байни манораҳо 9,5 метрро буда, деворҳои қалъа аз 7 қабат похса (лой) бардошта шудааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар дохили қалъа ҷои махсус барои мудофиа, машқгоҳ, манзилҳо, масҷид, устохонаҳо ва дӯконҳои тиҷоратӣ  мавҷуд будаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.