Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 15.11.2019 бахшида ба "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист бо намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Умаралиева Ӯ. баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби сардори раёсат ҷиҳати мувофиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзхои ид», ки 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон ҷашн гирифтани рўзи 16-уми ноябр, ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак сухан карда шуд. Дар навбати худ муаллима Умаралиева Ў. қайд намуд, ки ватани мо пеш аз ҳама, ба сулҳу суббот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии Президентӣ маҳз бо мақсади пурзўр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Мувофиқи муқаррароти Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия хисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкорони онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Президенти мо ифтихори мо!

Баргузории соатҳои сиёсӣ бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ дар зерсохторҳои мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ин мақсад санаи 15 ноябр дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд бахшида ба 27 солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент соати сиёсӣ доир гардид. Сардори шуъба Дусматов А. оид ба таърихи ин санаи муҳим, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардидааст маълумот дод. Хамчунин ёдовар шуд, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Вохӯрӣ бо мактаббачагон дар ноҳияи Б.Ғафуров

    Дар асоси нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохўрӣ бо муҳассилини синфҳои 9-10 муассисаи таълимии миёнаи умумии № 84, ҷамоати деҳоти Хистеварзи н.Б.Ғафуров баргузор гардид. Корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия доир ба тарбия ва маърифати экологии наврасон, саҳми хонандагон дар тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, муомилот бо партовҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба муҳити зист вобастагии зич доранд, баромад намуд. Дар навбати худ хонандагон ба суолҳои худ оиди ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ ҷавобҳои муфассал  гирифтанд. Дар рафти вохӯрӣ муовини директори муассиса ва омӯзгори фанни экология барои гузаронидани чунин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории чунин мулоқотҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Кӯҳистони Масчоҳ

    Ба истиқболи сазовори ҷашнҳои миллии дар пешистода, дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо баробари гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» дар ҷамоатҳои деҳоти Лангар ва Иван Тоҷик ва муассисаҳои таълимӣ бо аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷамъомади навбатие, ки бо намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон, аҳолии ҷамоатҳо гузаронида шуд, оид ба сазовор пешвоз гирифтани идҳои давлатии дар пешистода, роҳ надодан ба буриши ғайриқонунии дарахтон дар фасли зимистон ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.