Бахшида ба 5 декабр – Рӯзи умумиҷаҳонии волонтерон. Саҳми волонтерон дар беҳбудии муҳити зист

Санаи  5  декабр  бахшида  ба  Рузи  байналмилалии  волонтерон бо ташаббуси  Ҷамъияти ҲилолиАҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд  дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 ш.Хуҷанд вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ  намояндагони ҷамъият, волонтерон, сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд, сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд. Шукурова Дилрабо  ҳамоҳангсози  лоиҳаи “Ташаббусҳо барои рушди ҷавонон”, ки аз тарафи  Салиби Сурхи Итолиё дастгирӣ  карда мешавад, бо призентатсия оиди таърихи ташкилёбии ин ҷамъият ва самтҳои фаъолияти волонтерон, махсусан саҳми онҳо дар ташкил ва гузаронидани аксияҳои экологӣ, аз партов тоза намудани соҳили дарё ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист баромад намуд. Рафти вохӯрӣ волонтерон ба хонандагон варақаҳои  иттилоотӣ тақсим намуданд.

Семинари бозомӯзӣ

    Тибқи нақшаи кории Раёсат ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи 6 декабри  соли равон дар толори Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар рафти семинарсардорони шуъбаҳо ва мутахассисони соҳа оид ба  самтҳои фаъолият, тарзи дуруст таҳия ва пешниҳод намудани ҳисоботи солона, натиҷаи санҷиши Палатаи ҳисоб ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, пардохт намудани маблағ-ҳои қарздорӣ ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баромад намуданд.

«Тарбияи экологӣ - омили муҳим»

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақшаи  кории бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо вохуриву корҳои фаҳмонидадиҳӣ, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас  идома дорад. Санаи 3 декабри соли равон бо иштироки мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 1 соати экологӣ таҳти унвони “Тарбияи экологӣ - омили муҳим” гузаронида шуд. Ба хонандагон дар самти омӯзиши табиати нотакрори диёр, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ҳифз ва самаранок исти- фодабарии захираҳои обӣ, фаъолона иштирок намудан  дар аксияҳои экологӣ ва саҳм гузоштан дар беҳбудии муҳити зист баромад пешкаш гардид.

Татбиқи Барномаи маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ

Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 1  ш.Истиқлол вохурӣ бо муҳассилини синфҳои болоӣ баргузор гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Ғозиев А. доир ба тарбия ва маърифати экологии наврасон, саҳми хонандагон дар тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, дар мавзуҳои актуалии имрӯза - тағйирёбии иқлим, нигаҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба муҳити зист вобастагии зич доранд, баромад намуд. Ҳамзамон омӯзгори фанни экологияи муассисаи таълимӣ  барои ташкил ва гузаронидани  вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри бештар ҷалб намудани насли наврас ба масъалаҳои экологӣ барои ташкили ҳаракати “Патрули сабз”  пешниҳод дод.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.