Аксияи «Тозагии муҳити зист» дар н.Зафаробод

    Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист,  иҷрои  нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар боғи фарҳангӣ ва фароғати ноҳияи Зафаробод шанбегии дастҷамъона доир гардид. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Зафаробод дар он кормандони корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо бо иштироки беш аз 300 нафар  иштирок намуда, зиёда аз 3,7 тонна партовҳо, 340 метр ҷуйборҳо ва 850 м2 замин барои шинондани ниҳолҳо ва гулҳои ороишӣ омода карда шуд. Баргузории чунин аксияҳо  бахшида ба идҳои давлатӣ дар дигар маҳаллу ҷамоату деҳотҳо  низ дар назар аст.

Муаррифии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ - меъморӣ

Дар «Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бори дигар дарк намуд, ки халқи тоҷик гузаштаи бою таърихӣ дошта, ҳар як арзиши миллии мо, ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, миллатдӯстиву меҳанпарастӣ ва худшиносӣ тарбия менамояд. Зеро маҳз дар ин солҳо барои ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад ва маблағҳои зиёде ҷудо мегарданд, ки мероси гаронбаҳову таърихии мо аз нав таъмиру тармим ва манзури меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гардонида шавад. Конибодом дар сарчашмаҳои таърихӣ ва маъхазҳои боэътимоди илмӣ ба ҳайси яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ зикр шудааст. Яке аз шохаҳои роҳи бузурги Абрешим 3700 сол муқаддам аз ин шаҳр мегузашт ва тавассути Хуҷанду Истаравшан, Самар-қанду Бухоро то ба Марв мерасид. Конибодом дар гузашта яке аз шаҳрҳои маъмуру ободи Осиёи Миёна буд ва бо номи «Канд» шӯҳрат дошт.

Такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар Баҳри Тоҷик

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иттилоъ медиҳад, ки истифодабарандагони захираҳои табиӣ моҳиҳои обанбори Баҳри Тоҷик ЧСК «Моҳипарвари Гулистон» ва «Моҳии тоҷик» вазифадоранд, ки чорабиниҳои такрористеҳсолкунии захираҳои моҳиро дар обанбор амалӣ намоянд. Хоҷагиҳои номбурда тибқи талаботи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабинии мувофиқа намудаи худ бо мақомоти  ваколатдори ҳифзи муҳити зист дар сори ҷорӣ кӯшиш  ба харҷ дода, то имрӯз бештар аз як миллион моҳичаҳои хушсифатро ба обанбор сар доданд. Бештари моҳичаҳоро намудани растанихур аз қабили амури сафед, пешонағафси сафеду алоча ва капур ташкил медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки сифати моҳичаҳои паҳнкарда ба меъёри стандартӣ ҷавобгӯ буда, ҳамзамон ба талаботҳои санитарию ветеринарӣ қаноатбахш мебошад.

Бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Айнӣ - дар оинаи сайру саёҳат

Ноҳияи Айнӣ таърихи зиёда аз 1300 сола дошта, маъхазҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки муаррихи араб Алистархӣ ва адиби барҷаста Захириддин Бобур онро кашф намудаанд. Шуғли асосии аҳолӣ кишоварзӣ ва боғдорию чорводорӣ мебошад. Ҳар як деҳаи хурду калони ноҳия манзараҳои нотакрор дошта, сайёҳонро мафтун намудааст ва онҳо аз тамошои он манзараҳо лаззат мебаранд. Ноҳия дорои якчанд ширкатҳои туристӣ буда, Искандаркӯл, кӯлҳои Аловиддин, дараи Яғноб, маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносиро дарбар мегирад. Инчунин қадамҷои орифи бузург Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаб, мулло Абдуллои Валӣ дар деҳаи Ревад, масҷиди гузари Лангар, қадамҷо ва зиёратгоҳи шайх Абулқосим Гургонӣ дар деҳаи Урметан буда, имрӯзҳо ба маркази фароғату истироҳати сайёҳони ватанию хориҷӣ табдил ёфтааст. Ноҳия дар самти сайёҳӣ, экологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ, тиҷорат, табобатию этнографӣ ва туризми кӯҳнавардӣ хеле  қулай мебошад. Инчунин дар ноҳия шумораи масҷидҳо, кушкҳо, ғорҳо, мавзеъҳои таърихӣ, калъаҳо зиёд буда, таърихи қадимаю бой доранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.