Тасдиқи рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

 Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

 Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, ду хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» навишта шудааст.

Вохӯрӣ бо хонандагони литсейи шаҳри Хуҷанд

Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии ҷавонон, санаи 22.01.2020 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд» вохўрӣ бо хонандагону омўзгорон доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ директори литсейи мазкур баромад намуда, оид ба масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон, корҳои аз ҷониби муассиса доир ба ҳифзи муҳити зист иҷро мегардида изҳори ақида намуд.

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар вилояти Суғд

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт санаи  18 январи соли равон дар нуқтаи санҷиши техникии ноҳияи Б.Ғафуров ҳамроҳ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.Дар рафти амалиёт 23 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд.

Ярмаркаи фурӯши ниҳол дар ш.Хуҷанд

    Санаи 19 январи соли ҷорӣ дар доираи таҳлили ҷашни «Сада» дар назди Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмаркаи фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо  гузаронида шуд. Аз тарафи хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварӣ, Муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои ниҳолпарварии шахсӣ, соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 200 ҳазор ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо пешниҳод карда шуд. Оиди шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳои бисёрсолаи ҳамешасабз ва ороишию сояафкан вобаста ба шароити маҳал барои ободонии кўчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот, номгўи ниҳолҳои ба талабот мувофиқ таҳия  гардида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят пешниҳод карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.