Корхои биотехникӣ дар ноҳияи Ашт

Дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд корҳои биотехникӣ идома дорад. Барои пешгирӣ намудани фавти ҳайвонот ва паррандагони ваҳшӣ   аз сардиҳои зимистони соли равон ва ҳифз намудани онҳо дар талу теппаҳо, доманакӯҳҳои мавзеъҳои зисти онҳо тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва хоҷагии ҷангали ба номи Н.Хувайдуллоев дар мавзеи Ушунсой, Надок – 1, Надок -2  200 кг гандум, 300 кг хошок, 40 кг намак ва аз тарафи хоҷагии ҷангали С.Сармусоқов дар мавзеъи Оқтош, Оби Ашт, Болои Ғудос 407 кг донагӣ ва 2 тн хошок пошида шуд.

Корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 5500 - солагии шаҳри Саразм

Баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣва ҷашни бузурги миллат 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар миқёси шаҳр як қатор корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят

 Санаи 24 январи соли равон дар  толори маҷлисгоҳи Раёсат  вохӯрӣ бо иштироки намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қодирҷонзода А.Қ.  баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.

 Бо «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Қодирҷонзода А.Қ. баромад намуда, оиди моҳияти стратегияи мазкур, масъалаҳои сӯиистифода аз мансаб, пешгирии амалҳои характери коррупсионидошта сухан намуда, қайд кард,  ки фаъолияти хизматчиёни давлатӣ бояд дар чорчӯбаи қонунгузорӣ пеш бурда шуда, норозигии аҳолиро ба миён наорад.

Тасдиқи рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.

 Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рақамҳои “1991-2021” бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

 Дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон – тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.