Корҳои биотехникӣ дар ш.Истаравшан

Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади беталаф баромадани олами ҳайвонот ва паррандагон дар фасли зимистон дар ҷамоатҳои деҳоти Нофароҷ ва Қалъачаи калони ш.Истаравшан аз тарафи кормандони бахши ш.Истаравшан корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар мавзеъҳои мазкур  ба миқдори  умумии  55  кг -  гандумреза ва ҷуворимакка  пошида шуд.  Маҳсулоти мазкур асосан дар талу теппаҳо, ки асосан макони зисту боши парандагон мебошад истифода бурда шуд.

Семинари бозомӯзӣ

Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, санаи 24 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо семинари бозомӯзӣ гузаронида шуд. Мувофиқи барнома дар семинари мазкур масъалаҳои муҳим – фаҳмонида додани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,  стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», фаҳмонида додани тартиби дурусти ҳисоби пардохтҳои ҳатмии экологӣ, моҳияти «Кодекси одоби хизматчии давлатӣ», тарзи ҳисоби пардохти ҳифзи ҳавои атмосфера ва ҳисоби зарар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ, тарзи дуруст тартиб додани ҳисоботҳо, пардохти ҳатмии экологӣ, минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои обӣ, коргузорӣ оид ба баррасии муроҷиатҳои хаттӣ, электронӣ ва шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси талаботи Қонун ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баррасӣ гардид.

Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Деваштич

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич маълумот дод, ки дар хоҷагии ҷангали ба номи Ғаниҷон Мӯсоеви ноҳия  дар якҷоягӣ бо мутахассисони бахш бинобар сард ва сербориш омадани обу ҳаво дар доираи чорабиниҳои биотехникӣ барои ҳайвонот ва паррандаҳои ёбоӣ ему хошок ва резадонаи  ғалладонагиҳо ба доманакӯҳҳои  сербарф  гузошта шуд. 

    Тибқи баҳисобгирии мутахассисони соҳаи ҷангал-парварӣ дар хоҷагии мазкур тақрибан 500 кабутар, 30 сар хуки ёбоӣ, 15 гург, 130 сар харгуш,  93 сар рубоҳ , 3 сар хирс, 20 сар бузи куҳӣ, 200 кабк ва дигар ҷонварон ба қайд гирифта шудаанд.

Корҳои ободониву созандагӣ дар ш.Исфара

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми  бахши ҳифзи муҳити зисти шахри Исфара дар шаҳр  ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ гузаронида шуда истодааст. Дар ин росто дирӯз дар маҳаллаи Офтобруйи ҷамоати деҳоти Навгилем ва МТМУ № 13-и ҳамин ҷамоат бо дастгирӣ ва  иштироки васеи аҳли сокинони маҳалла  зиёда аз  1809 бех дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.