2
8 ноябри соли равон маҷлиси навбатӣ бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ва сардорони шуъбаҳои назоратии сарраёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷагирии фаъолият дар 11 моҳи соли равон дар муқоиса бо соли 2024 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифтанд. Сардори Сарраёсат Холзода Сухроб Хол аз сардорони шуъба ва мудирони бахшҳо оид ба самтҳои фаъолияташон пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта то ҷамъбасти фаъолоти солона супоришҳо дод. Ҳамзамон баҳри пурзӯр намудани фаъолияти нозирӣ, назорати шинонидани ниҳолҳо дар мавсими ниҳолшинонӣ, риояи интизоми меҳнат, инчунин вобаста ба масъалаҳои дигари соҳавӣ вазифагузорӣ карда шуд.
Мизи мудаввар оид ба Конвенсияи Орхус
Д
ар толори маҷлисгоҳи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мизи мудаввар доир ба мавзӯъи «Татбиқи ҳадафи сеюми Конвенсияи Орхус – дастрасии ҷомеа ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид. Мизи мудаввари мазкур дар натиҷаи ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят бо ТҶ«Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва мусоидати шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ба амал омада, дар кори он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои вилоятию шаҳрии мақомоти суд ва прокуратура, Раёсати адлия, шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо ҳифзи ҳуқуқиинсон машғул, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.Воқеан,Конвенсияи Орхус 25 июни соли 1998 дар Конфронси чоруми вазирони корҳои хориҷӣ «Муҳити зист барои Аврупо» дар шаҳри Орхуси кишвари Дания қабул гардида, дар умум оид ба дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои муҳити зист бахшида шудааст.
Пешгирии шикори ғайриқонунии парандаҳои хушхон
Б
о мақсади пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвонот, дар асоси нақшаи корӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара сокини шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Чоркўҳ Ҳаёзода М. боздошт гардид, ки бе иҷозати мақомоти дахлдор бо шикори ғайриқонунии парандаи хушхон саъба машғул буд. Бо ин кирдор қонуншикан талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”- ро вайрон намуд. Дар натиҷа нисбати қонуншикан мутобиқи моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд. Саъба яке аз парандаҳои хушхон ва писандидаи дўстдорони табиат буда, ҳарчанд ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил нагардидааст, аммо парандаи муқими нодирест, ки онро барои зебогиаш шикор намуда дар қафас нигоҳ медоранд. Ин амали инсонҳо метавонад минбаъд сабаби кам гардидани ин парандаи хушхон дар Тоҷикистон гардад.
Амалиётҳои назоратӣ дар самти муомилот бо партовҳо
Т
ибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд партофтани партовҳои сохтмонӣ дар ҷойи ғайрирасмӣ - ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини ноҳия И.М. ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати ронандаи нақлиёти боркаши тамғаи Камаз шаҳрванд И.М. барои партофтани партовҳои сохтмонӣ дар ҷойи ғайрирасмӣ бо дастрасии моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
More Articles...
- Мониторинги экологии минтақаҳои ноҳияҳои наздисарҳадӣ
- Шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз дар сарҳади даромадгоҳ ба минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон
- Чорабинии омӯзишӣ барои омӯзгорони барномаи «Нозирони сабз» дар шаҳри Гулистон
- Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


