Бахшида ба 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии (хусусии) «Гимназияи ба номи Ё.В.Гёте»-и шаҳри Хуҷанд дарси кушод аз фанни экология бо иштироки намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, инчунин директор ва маъмурияти гимназия, хонандагону омӯзгорони фанни экология ва биология баргузор гардид. Чорабинии иттилоотӣ дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ташкил гардида, дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат ба иштирокдорон маълумот дар бораи таърихи ин санаи муҳими экологӣ,муҳимияти ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, тадбирҳои аз тарафи Ҳукумати мамлакат андешида шуда, қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъсири манфии гармшавии иқлим ба обшавии пиряхҳо ва захираҳои об, амнияти экологӣ ва муаммоҳои экологии замони муосир пешниҳод карда шуд.
22 май - Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ
Дар даҳсолаҳои ахир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобалии замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи нигаҳдории гуногунии биологиро ба эътибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конференсияи СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де–Жанейро баргузор гардид, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда, ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард. Муаммоҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ ва устуворона истифодабарии он яке аз равандҳои баҳсу талош ва оштинопазирӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, мунтазам чорабиниҳои гуногуни сатҳӣ байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон
Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА шаҳр ирсол гардид.
Шаҳристон - гӯшаи биҳиштосои табиати Тоҷикистонро аз партовҳо эмин нигоҳ дорем!
Минтақаи Шаҳристон бо табиати нотакрору дилфиреб, чашмасорони мусаффо ва кӯҳсорони сабзу пур аз гиёҳҳои шифобахш ҳамеша диққати дӯстдорони табиат ва истироҳаткунандагонро ҷалб менамояд. Хусусан, мавзеъи зебоманзари Хуррамдара дар фасли баҳору тобистон ба як макони серодами истироҳат табдил меёбад. Аммо, мутаассифона, дар баробари зиёд шудани теъдоди истироҳаткунандагон, баъзан мушоҳида мешавад, ки сатҳи ифлосшавии муҳити зист низ рӯ ба афзоиш дорад. Ба ҳамин хотир, кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо телевизиони «7 Ситора» масъалаи ифлосшавии минтақаи истироҳатии Хуррамдарраи ноҳияи Шаҳристонро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор доданд. Ин иқдом дар пайи нашри маводи танқидии сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардид. Дар натиҷаи санҷиши гузаронидашуда, ҳолатҳои сершумори ифлосшавии соҳилҳои манбаъҳои обӣ бо партовҳои гуногун ба қайд гирифта шуд. Гузашта аз ин, муайян гардид, ки дар баъзе мавридҳо партовҳо ғайрирасмӣ ба чуқуриҳо партофта шудаанд.