Ифтитоҳи бинои Маркази ташхис, таҳлил ва мониторинги экологии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  20 сентябри соли 2026 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Маркази ташхис, таҳлил ва мониторинги экологии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ иштирок намуданд. Дар рафти шиносоӣ бо шароити кории марказ иттилоъ дода шуд, ки бо фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва муҷаҳҳаз намудани он сифати гузаронидани ташхис ва мониторинги экологӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Майдони умумии бино зиёда аз 500 метри мураббаъ буда, аз се ошёна ва 14 адад утоқҳои корӣ иборат аст.

  Дар ошёнаи якум - ташхисгоҳ ва утоқҳои кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат бо таҷҳизот ҷойгир карда шуданд. Дар ташхисгоҳ барои гузаронидани ташхиси таркиби обҳои рӯзаминӣ ва зеризаминӣ, партовобҳо, хок, ҳавои атмосфера ва ченкунии дараҷаи радиатсия таҷҳизоти зарурӣ ҷойгир карда шуда, инчунин утоқҳои кории мутахассисон- ташхисгарон мавҷуд мебошад. Дар ошёнаи дуюм - утоқҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон нозирони давлатӣ таҷҳизонида шудааст. Дар ошёнаи сеюм - қабулгоҳ ва маҷлисгоҳи замонавӣ ҷойгир мебошанд. Дар ҳар як ошёна 2 нуқтаҳои санитарӣ - гигиенӣ ҳамагӣ 5 нуқта мавҷуд аст. Ҳамчунин, пеш аз даромади бино саҳни ҳавлӣ кабудизору гулзор карда шудааст. Пас аз шиносоӣ бо иншооти тозабунёд дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки меҳмонон ҷамъомад  баргузор гардида, аз тарафи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳодур Шерализода, Раиси шаҳри Хуҷанд  Фирдавс Шарифзода  ва муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода шуда, ба як қатор кормандони ширкати ҶДММ «Сомониён Сохтмон» Сипосномаҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист супорида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.