Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол дар кӯчаҳои марказӣ 3 адад баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Боиси қайд аст, ки чунин баннерҳои экологӣ дар миқёси вилоят беш аз 80 адад насб карда шудааст.
Аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар вилояти Суғд
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои 20 рӯзи ободонӣ, бахшида ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз он ҷумла Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Исфара, Истиқлол, Шаҳристон, Спитамен, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Ашт аксияи "Тозагии маҳал ва шоҳроҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия 4319 нафар кормандони ташкилоту идораҳо, сокинони маҳаллаҳо фаъолона иштирок намуда, ҳаҷми партовҳои баровардашуда 66 м3-ро ташкил дод.
Ҳашари дастаҷамъона дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Ба истиқболи ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд. Рафти шанбегӣ саҳни ҳавлии бино аз алафҳои бегона тоза, панҷараҳо рангубор, партовҳо бароварда ва дигар корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуда, гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ шинонида шуд.
Шанбегии дастаҷамъона дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 17 нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ки бо қарори Раиси вилоят аз 23.07.2024 сол, № 187 тасдиқ карда шудааст, ҷиҳати тозаву обод намудани муҳити зист, маҳалҳои аҳолинишин ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шанбегии дастаҷамъона бо иштироки аҳолӣ ва масъулину фаъолон доир карда шуд. Бо ин мақсад дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон масъулину фаъолон дастаҷамъона ба ҳашар баромаданд. Ҳашарчиён гӯшаву канори роҳравҳои маркази ноҳияро аз партовҳо тоза намуданд. Илова бар ин боғи Парчам ва Нишони назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро тозав карда шуд.
Азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар қарори Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии шаҳру ноҳияҳо сохтмону таҷдиди нуқтаҳои партовпартоӣ бо маром идома дорад. Дар ин замина бо пешбурди назорати давлатӣ аз тарафи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ"-и шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи А.Фирдавсӣ, К.Хуҷандӣ, маҳаллаҳои 13, 18, 19 нуқтаҳои партовпартоӣ аз навсозӣ карда шуд. Бояд қайд кард, ки сохтмон ва аз навсозии нуқтаҳои партовпартоӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Бӯстон, Масчоҳ, Ҷаббор Расулов низ амалӣ гардиданд.
Page 10 of 301