Р
ӯзи 2 ноябр 33 нафар иштирокчиён дар шанбегӣ- экоплоггингдар гирду атрофи Боғи ботаникии Хуҷанд ширкат карданд. Ин ташаббуси дӯстдорони давидан @Dav.tj ва волонтёрони экологӣ @Ecoproaсtive дар асл ба чорабинии ғамхорӣ ба табиат табдил ёфт. Экоплоггинг - фаъолиятест, ки дар Шветсия оѓоз гардида, давиданро бо ҷамъоварии партовњо мутаҳҳид месозад ва ҳоло дар ҷаҳон хеле маъмул гардидааст. Дар давоми 3 соат иштирокчиён зиёда аз 800 кг партовҳои гуногунро ҷамъоварӣ намуданд. Воқеан дар аксия варзишгарону фаъолон бо фарзандони худ ҳамроҳ шуданд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва бештар намудани ҳисси ватандўстиву ғамхорӣ нисбат ба табиат мусоидат менамояд. Чорабиниро викторинаи экологӣ байни иштирокчиён, тақдими тӯҳфаҳо ва шириниҳо басо хотирмон намуд. Бори дигар исбот гардид, ки ғамхорӣ ба худ ва саломатии инсон - ин ғамхорӣ ба муҳити зист маҳсуб меёбад.
Баргузории озмуни «Тирамоҳи заррин» дар вилояти Суғд
Д
ар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодом бахшида ба Иди «Меҳргон» ва ҷиҳати фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар бахши омӯзиши табиати диёр, озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки озмуни мазкур давоми моҳҳои сентябр ва октябр дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври шоиста ва дар сатҳи мунир баргузор гардида, беш аз 50 ҳазор дӯстдорони табиатро ба ҳам овард. Зиёда аз 13 сол шудааст, ки аз тарафи Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳитизист дар вилояти Суғд озмуни мазкур гузаронида мешавад ва соли ҷорӣ дар даври вилоятӣ беш аз 350 нафар ғолибони даври аввал аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.
Супоридани 10 адад мотороллери барқӣ ба КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» - и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату шаҳракҳо
Д
ар даврони муосир масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва муаммоҳои зиёдшавии партов ва ҳалли бартарафсозии саривақтии онҳо рўз аз рўз бештар гардида истодааст. Чуноне, ки дар Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола баён мегардад, ба масъалаҳои ободониву тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда мешавад. Чанде пеш тибқи дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, маҳаллаву ҷамоатҳо, аз он ҷумла шоҳроҳҳо, сари вақт баровардани партовҳо 10 адад мотороллери барқӣ харидорӣ карда шуда, ба КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату шаҳракҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Спитамен, Ҷаббор Расулов , Ашт , Деваштич ва Б.Ғафуров супорида шуд.
Кофтани каналҳои нав дар болооби обанбори Баҳри Тоҷик
Д
ар вилояти Суғд яке аз мавзеъҳои асосии дар шароити табии инкишофёбандаи моҳӣ обанбори Баҳри тоҷик мебошад, ки дар он чанд навъҳои зиёди моҳиҳои гармидӯст сукунат ва инкишоф меёбанд. Дар мавсими тухмгузорӣ ва давраи тирамоҳу зимистон дар баъзе маврид паст гардидани сатҳи оби болооби обанбор моҳичаҳо дар болооб монда талаф меёбанд. Тадбири муҳим ва ояндабин, ки тибқи супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи захираҳои моҳӣ аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд каналҳои нав ба воситаи техникаҳо кофта, барои ҳаракати моҳиҳои дар болооб мондаи Баҳри тоҷик (кўли Борисовка) дар шаҳри Конибодом имконият фароҳам оварда шуд. Ин мавзеи болооби Баҳри тоҷик давраи аввали баҳор ҷои тухмгузории моҳиҳои дар шароити табии инкишофёбанда, ҳамчунин роҳи ҳаракати моҳиҳо барои дарёфти ғизоӣ табиӣ буда, давраи тирамоҳу зимистон дар баъзе маврид паст гардидани сатҳи оби болооби обанбор моҳичаҳо дар болооб монда талаф меёфтанд. Давоми беш аз як моҳ бо ҷалби техникаҳо тоза кардани каналҳо, ташкили роҳи ҳаракати моҳиҳо идома ёфта, иҷрои кор бо назорату маслиҳати мухассисони сарраёсат, олимону ихтиологҳо анҷом дода мешавад. Ҳоло кофтани каналҳои магистралӣ, пайвасти нуқтаҳои муайян ба обанбори Баҳри тоҷик ба чанд қисмат иҷро шуда, боз корҳо идома доранд.
Гузаронидани пурсиши сотсиологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят
Б
о мақсади муайян намудани сатҳи дониши ҷавонон нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби шуъбаҳои маориф гузаронида шудааст. Тибқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Деваштич, Мастчоҳ ва Ҷ.Расулов дар пурсиши мазкур 98 нафар хонандагон ва 12 нафар омӯзгори ҷавон (синну соли аз 18 то 35 сола) иштирок намуданд. Ҳамзамон, аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати гузаронидани пурсиши сотсиологӣ корбарӣ карда шуд. Соли дуюм аст, ки таҷрибаи мазкур истифода мешавад ва дар пурсиш 11 нафар ҷавонон асосан аз шаҳри Хуҷанд, Гулистон ва Конибодом иштирок карда, аз онҳо 7 нафар мард ва 4 зани ҷавон мебошанд. Давоми соли ҷорӣ, соли панҷуми татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои арзёбии миёнмуҳлат ҳангоми гузаронидани пурсиши сотсиологӣ, ҳамагӣ 121 нафар ҷавонон, аз он ҷумла 56 зан ва 65 марди ҷавон фаро гирифта шудаанд. Боиси қайд аст, ки сатҳи маърифат ва дониши экологии ҷавононе, ки байни онҳо пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд, дар ҳолати имрӯза аз 60 то 70 фоиз баҳогузорӣ карда мешавад.
Page 1 of 320






