04 June 2026

Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 5 июн - Рўзи байналмилалии муҳити зист

   Бахшида ба 5 июн - Рўзи байналмилалии муҳити зист дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ  муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода, намояндаи МИҲД вилоят Саидимон Акбаров, раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Ҷаҳонгир Салимзода, директори МНДСЭ вилоят Султон Раҳмонзода, намояндагони Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, Раёсати маорифи вилоят, Маркази обуҳавосанҷии вилоят, Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳу донишкада, ташкилоти ҷамъиятӣ, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят, собиқадорони соҳа, васоити ахбори омма ва дигар идораю муассиса иштирок доштанд. Бо суханони табрикотӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода,  намояндаи МИҲД Саидимон Акбаров, раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Ҷаҳонгир Салимзода, директори МНДСЭ вилоят Султон Раҳмонзода,  сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Суҳроб Холзода, роҳбарону намояндагони сохтору ташкилотҳо ва собиқадорони соҳа баромад карда, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро бо иди касбӣ табрик намуданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.