June 2026
26 June 2026
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳанӯз 29 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист. Дар таърихи навини давлатдориамон маҳз расидан ба ваҳдати миллӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ, баланд шудани эътибори байналмилалии давлатамон, хештаншиносии мардуми тоҷик ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ мусоидат намуд. Бо эҳтироми хоса ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, кормандон ва собиқадорони соҳаро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки эҳсоси баланди ватандориву хештаншиносӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати доимии халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад.Ҷашни муқаддаси Рӯзи Ваҳдати миллӣ пояндаву фархунда бод!
Конференсияи илмӣ- назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ» бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Абдумаликзода Бунёд, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Мамадҷонов, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, фаъолон ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд. Конференсияро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати фарорасии 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.
20 June 2026
Баргузории аксияҳои экологӣ бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист дар ноҳияи Ашт
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободонӣ ва беҳтар намудани ҳолати санитарӣ – экологии минтақаҳои аҳолинишин идома меёбад. Дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия бо мақсади тоза намудани Ашт-сой бо иштироки беш аз 100 нафар намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва сокинони деҳа аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Рафти чорабинӣ 3 км дохили сой аз партовҳои гуногун тоза гардида, ҳамагӣ 4,6 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва интиқол дода шудааст. Ҳамзамон, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қадди шоҳроҳи Хуҷанд – Ашт 4 адад лавҳаи огоҳикунанда бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва ду шафати роҳи нақлиётгард бо партовҳо, инчунин баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ насб гардидааст.
08 June 2026
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Рўзи байналмилалии муҳити зист дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои таъмини амнияти экологии ҷомеа, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифз ва самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
04 June 2026
Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 5 июн - Рўзи байналмилалии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
ахшида ба 5 июн - Рўзи байналмилалии муҳити зист дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода, намояндаи МИҲД вилоят Саидимон Акбаров, раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Ҷаҳонгир Салимзода, директори МНДСЭ вилоят Султон Раҳмонзода, намояндагони Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, Раёсати маорифи вилоят, Маркази обуҳавосанҷии вилоят, Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳу донишкада, ташкилоти ҷамъиятӣ, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят, собиқадорони соҳа, васоити ахбори омма ва дигар идораю муассиса иштирок доштанд. Бо суханони табрикотӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода, намояндаи МИҲД Саидимон Акбаров, раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Ҷаҳонгир Салимзода, директори МНДСЭ вилоят Султон Раҳмонзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Суҳроб Холзода, роҳбарону намояндагони сохтору ташкилотҳо ва собиқадорони соҳа баромад карда, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро бо иди касбӣ табрик намуданд.
01 June 2026
Амалиётҳои назоратӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар тамоми дарёҳою обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд аз санаи 15 март то 1 июни соли 2026 ҳамагуна моҳидорӣ манъ карда шудааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратии шабонарўзӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик дар минтақаи Шўркул аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, олами набототу ҳайвонот ҳолати сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор гардид. Нисбати 2 нафар қонуншиканон - сокинони ноҳияи Б.Ғафуров санади аз назаргузаронӣ тартиб дода шуда, барои дидани чораҳои маъмурӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид ва 132 сар моҳиҳои гуногуни навсайдшуда мусодира карда шуд. Дар асоси нақшаи кории тасдиқгардида ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратии муштараки кормандони шуьбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилоят дар ҷамоати деҳоти Хистеварз (тарафи чапи соҳили Баҳри Тоҷик) ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳолати сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншикан санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуда 57 сар моҳиҳо мусодира карда шуд. Хотиррасон бояд кард, ки бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар тамоми дарёҳою обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд аз санаи 15 март то 1 июни соли 2026 моҳидорӣ манъ карда шудааст.


