Мониторинги экологии минтақаҳои ноҳияҳои наздисарҳадӣ

  Тибқи нақшаи кори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз тарафи мутахассисони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилоот мониторинги экологии ҳолати минтақаҳои ноҳияҳои наздисарҳадӣ мунтазам дар давоми сол гузаронида мешавад. Давоми моҳи октябри соли ҷорӣ бо мақсади муайян кардани тағйирёбии тамоюли таъсир ба ҳавои атмосфера ва манбаҳои обӣ аз объектҳои саноатии азими ҷумҳурии ҳамсоя дар мавзеъи Янги – Қӯрғони ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров мониторинги экологӣ гузаронида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ченкунии вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудудисанитарӣ - муҳофизатӣ тохатисарҳаддармасофаиаз 500 метр то 2 километр дур ба амал омад. Дар минтақаи мазкур намунаҳои ҳавои атмосфера ва об гирифта, ба ташхисгоҳи сарраёсат барои муайян намудани таркиби физикию кимиёвӣ оварда шуд. Инчунин, зимни мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардид. Натиҷаҳои ченкуниҳо ва ташхис нишон доданд, ки нишондиҳандаҳо ба монанди оксиди карбон, дуоксиди нитроген, фенол, гидроген сулфид, оксиди нитроген, аммиак, чанг, хлор ва гидрогенхлорид мутобиқи меъёр мебошанд.

 Ҳамзамон, дар натиҷаи ташхиси намунаҳои оби гирифташуда, дар таркиби он аз меъёр зиёд будани нишондиҳандаҳои фулузоти вазнин, аз он ҷумла мис (Cu), руҳ (Zn), оҳан (Fe), фтор (F), хроми шашвалента (Cr) ва кадмий (Cd) ба қайд нарасид. Минбаъд, тибқи нақшаи корӣ мониторинги экологии минтақаҳои ноҳияҳои наздисарҳадии вилоят мунтазам аз ҷониби мутахассисони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат бо мақсади татбиқи назорати давлатӣ амалӣ мегардад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.