01 June 2026

Амалиётҳои назоратӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ

    Дар тамоми дарёҳою обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд аз санаи 15 март то 1 июни соли 2026 ҳамагуна моҳидорӣ манъ карда шудааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратии  шабонарўзӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик  дар минтақаи Шўркул  аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, олами набототу ҳайвонот ҳолати сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор гардид. Нисбати 2 нафар қонуншиканон - сокинони ноҳияи Б.Ғафуров  санади аз назаргузаронӣ тартиб дода шуда, барои дидани чораҳои маъмурӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид ва 132 сар моҳиҳои гуногуни навсайдшуда  мусодира карда шуд. Дар асоси нақшаи кории тасдиқгардида ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратии муштараки кормандони шуьбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилоят дар ҷамоати деҳоти Хистеварз (тарафи чапи соҳили Баҳри Тоҷик) ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳолати сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншикан санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуда 57 сар моҳиҳо мусодира карда шуд. Хотиррасон бояд кард, ки бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар тамоми дарёҳою обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд аз санаи 15 март то 1 июни соли 2026 моҳидорӣ манъ карда шудааст.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.