Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.
Санаи 16 апрели соли равон дар партовгоҳи КДФ «Хоҷагии манзилию коммунали»-и шаҳри Бӯстон, ҷамоати деҳоти Ғозиён воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи кӯҳии металлургии шаҳри Бӯстон, кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят гузаронида шуд.




Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, №178
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма таҳти унвони «Истифодаи энергияҳои барқароршаванда – омили муҳими пешгирии тағйирёбии иқлим» озмун эълон менамояд.