Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас дар вилояти Суғд викторина байни хонандагони синфҳои болоии ш.Истиқлол ва ҷамоати Ғозиёни н.Б.Ғафуров дар мавзӯи бехатарии радиатсионӣ ва таркиби хӯрок чамъбаст гардид.
Дар даври пешакии тадбир хонандагон ба маҳалаҳои аз ҷиҳати радиатсия осебпазир ва атрофи он рафта таҳлилҳо гузаронида буданд. Ҳар як даста натиҷаҳо ва хулосаҳои худро ба комиссияи мутахассисон пешниҳод намудаанд.




Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июн дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки ситораҳои санъати вилоят консерти идона баргузор гардид.
Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, санаи хоса барои ҳар кадоми мост, зеро дар оғӯши табиат зиста, нисбати масъалаҳои мубрами он бефарқ будан нашояд. Айни замон масъалаҳои глобалии ҳифзи муҳити зисти сайёра дар мадди назари ҳамагон қарор дорад. Боиси ифтихори мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлимро омили муҳими таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ» мешуморанд. Дар миқёси вилоят низ бо ибтикори Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ эълон гардидани «Соли фарди солим» ва тасдиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016 - Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» аз тарафи сокинон ҳамовозии зиёд пайдо намудаву дар ин самт ҳамзамон ҷиҳати беҳтар кардани вазъи экологӣ чораҳо андешида мешаванд.