Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмуни кушод эълон менамояд:
- Сармутахассиси Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд;
- Сармутахассиси Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Қайроққум;
- Мутахассиси Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд;
Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи панҷум;
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкунанда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират ба аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ.