Мувофиқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 20 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Истиқлол
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Ш.Шотемури шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 24 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Семинар таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ташаббускори иқдомҳои экологӣ”
Бо мақсади ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамҷоягӣ бо МДТ Коллеҷи политехникӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар семинар намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист, кумитаи иҷроияи ҳизби халкии демократии Тоҷикистон дар ноҳия, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба қабул шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон аз ҷониби СММ, масъалаҳои мутобиқшавӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба пирьях ва муҳити зист баромадҳо пешниҳод карда шуданд. Дар интиҳои семинар аз тарафи намояндаи бахши ҳифзи муҳити зист ба омӯзгорон ва донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои экологӣ сипосномаву туҳфаҳо супорида шуд.
Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар муассисаи таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар МТМУ № 19 вохӯрӣ бо хонандагон ва омӯзгорон гузаронида шуд. Мудири бахш Каримзода Ф. дар мавзӯи роҳҳои баланд бардоштани дониши экологӣ байни насли наврас, корҳои иҷро гардида ва иштироки фаъоли хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар аксияву чорабиниҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим баромад намуд. Дар навбати худ омӯзгорони муассиса баргузории чунин вохуриҳоро сари вақтӣ арзёбӣ намуданд.
Ошкор намудани шасти барқӣ аз тарафи кормандони Сарраёсат
Баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2023 сол таҳти № 42 ва фармоиши сардори Сарраёсат таҳти № 16 аз 31.03.2023 сол «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023» дар давраи 15 рӯзи сеюми манъи сайди моҳӣ баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо дар обанборҳои вилоят 78 маротиба амалиётҳо гузаронида шуд. Ҳамчунин 78 адад санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуда, нисбати қўруқшиканҳо 15 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2 мавод дар давраи тухмгузорӣ ба прокуратураи вилоят барои андешидани чораҳои маъмурӣ пешниҳод гардид. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар вақти манъи сайди моҳӣ аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат ва кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд шаҳрвандони ноҳияи Б.Ғафуров Ҷумаъев Назирҷон ва Қурбонов Бурҳон дар минтақаи Сумчаки дарёи Сир ошкор карда шуданд. Қонуншиканон бо истифода аз заврақ ва истифодаи олоти манъшудаи сайди моҳи шасти барқӣ (электроудочка) 65 сар моҳиҳоро сайд намудаанд, ки арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 4420 сомониро ташкил дод. Барои андешидани чораҳои қонунӣ маводҳо ба Прокуратураи вилояти Суғд пешниҳод карда шуд.
Страница 67 из 315