Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Лавҳаҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ва бинои маъмурии бахш насб гардид.
Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Панҷакент
Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар шоҳроҳи Самарқанд-Панҷакент дар назди бинои хоҷагии намунавии ёрирасони "Ҳифзи табиат", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Саразм баннери ташвиқотӣ насб гардид. Ин иқдом бо мақсади ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» роҳандозӣ гардид.
9 май
Иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят дар маросими гулгузорӣ ба ифтихори 78 солагии Иди Ғалабадар назди Муҷассамаи ёдгорӣ ба хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945
Захираҳои замин – кафили амнияти озуқавории Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини тарғиби муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат дар толори калони Раёсати донишгоҳ ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Захираҳои замин-кафили амнияти озуқавории Тоҷикистон" бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" ва Рӯзи байналмилалии Замин баргузор гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-амалӣ профессорону дотсентон, омӯзгорон, магистрантону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ аз ҷумла сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ва сардори шӯъбаи эрозия ва мелиоратсияи хоки Институти хокшиносии АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Аминов Шариф Раззоқович иштирок доштанд. Конференсияи илмӣ-амалиро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода ҳусни оғоз бахшида, сипас, сардори шӯъбаи эрозия ва мелиоратсияи хоки Институти хокшиносии АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Аминов Ш. дар мавзӯи “Паҳншавии эрозияи хок дар Тоҷикистон ва тадбирҳои асосии мубориза бо он”, Абдураҳимов С. - профессори кафедраи географияи табиӣ МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, доктори илмҳои геология ва минералогия дар мавзӯи “Генезис, баҳодиҳӣ, бавуҷудоӣ ва паҳншавии заминҳои вайроншуда дар шимоли Тоҷикистон”, Собиров М.С. - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, номзади илмҳои кишоварзӣ дар мавзӯи “Давраҳои асосии ташаккул ва рушди сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои замин” баромад намуданд. Дар фарҷом Сабурӣ Хайрулло Мирзозода баромад намуда қайд карданд, ки конференсияи илмӣ-амалӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, ин боиси сайқал додани малакаю маҳорати илмомӯзӣ ва дониши назариявӣ мегардад.
Вохӯрии корӣ дар доираи Форуми VII оид ба «Нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгироии захираҳои об»
Дар меҳмонхонаи «Суғдиён» дар доираи Форуми VII оид ба «Нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгироии захираҳои об» вохурии корӣ доир гардид. Форум аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии «Ассотсиасияи зан ва ҷомеа» ташкил карда шуда, дар он занон аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои давлативу назоратӣ иштирок доштанд. Тибқи барнома дар вохӯрӣ оид ба пешбурди фаъолияти Форум , чорабиниҳои гузаронидашуда дар Муассисаҳои давлатии таълимии Донишгоҳу Донишкадаҳо, баргузории Рӯзи дарёи Сирдарё, иштироки Форуми занони Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд оид ба об дар Ню-Йорк (22-24 март), маълумоти омории финалӣ оид ба нишондиҳандаҳои тендерӣ дар сатҳи ҳавзаи дарёи Сирдарё (маълумот аз сохторҳои давлатӣ – аъзоёни котиботи ФҲЗ), видеоролик дар бораи нақши занон дар қисми тоҷикии дарёи Сир пешниҳоди иштирокчиён гардид. Бояд қайд намуд, ки вазифаи Форуми ҳавзавии занон дар чорчӯбаи Муколамаи ҳавзаи Сирдарё ин ҷалби занон ва фаъол гардонидани иштироки онҳо дар қабул ва таҳияи масъалаҳои мубрами соҳа, идоракунии захираҳои обӣ равона шудааст. Форуми ҳавзавии занон инчунин ба раванди иҷроиши барномаи миллии баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон ва Стратегияи Миллии Рушд – 2030 мусоидат менамояд.
Страница 66 из 311