Октябрь 2025
30 Октябрь 2025
Супоридани 10 адад мотороллери барқӣ ба КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» - и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату шаҳракҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар даврони муосир масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва муаммоҳои зиёдшавии партов ва ҳалли бартарафсозии саривақтии онҳо рўз аз рўз бештар гардида истодааст. Чуноне, ки дар Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола баён мегардад, ба масъалаҳои ободониву тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда мешавад. Чанде пеш тибқи дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, маҳаллаву ҷамоатҳо, аз он ҷумла шоҳроҳҳо, сари вақт баровардани партовҳо 10 адад мотороллери барқӣ харидорӣ карда шуда, ба КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату шаҳракҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Спитамен, Ҷаббор Расулов , Ашт , Деваштич ва Б.Ғафуров супорида шуд.
29 Октябрь 2025
Кофтани каналҳои нав дар болооби обанбори Баҳри Тоҷик
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар вилояти Суғд яке аз мавзеъҳои асосии дар шароити табии инкишофёбандаи моҳӣ обанбори Баҳри тоҷик мебошад, ки дар он чанд навъҳои зиёди моҳиҳои гармидӯст сукунат ва инкишоф меёбанд. Дар мавсими тухмгузорӣ ва давраи тирамоҳу зимистон дар баъзе маврид паст гардидани сатҳи оби болооби обанбор моҳичаҳо дар болооб монда талаф меёбанд. Тадбири муҳим ва ояндабин, ки тибқи супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи захираҳои моҳӣ аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд каналҳои нав ба воситаи техникаҳо кофта, барои ҳаракати моҳиҳои дар болооб мондаи Баҳри тоҷик (кўли Борисовка) дар шаҳри Конибодом имконият фароҳам оварда шуд. Ин мавзеи болооби Баҳри тоҷик давраи аввали баҳор ҷои тухмгузории моҳиҳои дар шароити табии инкишофёбанда, ҳамчунин роҳи ҳаракати моҳиҳо барои дарёфти ғизоӣ табиӣ буда, давраи тирамоҳу зимистон дар баъзе маврид паст гардидани сатҳи оби болооби обанбор моҳичаҳо дар болооб монда талаф меёфтанд. Давоми беш аз як моҳ бо ҷалби техникаҳо тоза кардани каналҳо, ташкили роҳи ҳаракати моҳиҳо идома ёфта, иҷрои кор бо назорату маслиҳати мухассисони сарраёсат, олимону ихтиологҳо анҷом дода мешавад. Ҳоло кофтани каналҳои магистралӣ, пайвасти нуқтаҳои муайян ба обанбори Баҳри тоҷик ба чанд қисмат иҷро шуда, боз корҳо идома доранд.
28 Октябрь 2025
Гузаронидани пурсиши сотсиологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади муайян намудани сатҳи дониши ҷавонон нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби шуъбаҳои маориф гузаронида шудааст. Тибқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Деваштич, Мастчоҳ ва Ҷ.Расулов дар пурсиши мазкур 98 нафар хонандагон ва 12 нафар омӯзгори ҷавон (синну соли аз 18 то 35 сола) иштирок намуданд. Ҳамзамон, аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати гузаронидани пурсиши сотсиологӣ корбарӣ карда шуд. Соли дуюм аст, ки таҷрибаи мазкур истифода мешавад ва дар пурсиш 11 нафар ҷавонон асосан аз шаҳри Хуҷанд, Гулистон ва Конибодом иштирок карда, аз онҳо 7 нафар мард ва 4 зани ҷавон мебошанд. Давоми соли ҷорӣ, соли панҷуми татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои арзёбии миёнмуҳлат ҳангоми гузаронидани пурсиши сотсиологӣ, ҳамагӣ 121 нафар ҷавонон, аз он ҷумла 56 зан ва 65 марди ҷавон фаро гирифта шудаанд. Боиси қайд аст, ки сатҳи маърифат ва дониши экологии ҷавононе, ки байни онҳо пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд, дар ҳолати имрӯза аз 60 то 70 фоиз баҳогузорӣ карда мешавад.
24 Октябрь 2025
23 октябр - Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
абри барфӣ ё озодапаланг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Майдони умумии паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон 87 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст. Дар асл ин 70 % ҳудуди Тоҷикистон ва тақрибан 3% мавзеи муосири ҷаҳонии ин ҳайвони нодир мебошад. Бабри барфӣ ё ирбис як даррандаи калон буда, ин гурбаҳои ваҳшӣ асосан дар кӯҳҳо, дар баландии аз 1500 то 6000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ онҳо ба таври қонунӣ ҳайвони аз ҳама дар баландтарин кӯҳҳо сукунат дошта дар ҷаҳон ҳисобида мешаванд. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном мебаранд. Дар зимистон ирбис ранги хокистарранг дорад, ки ин як падидаи олиҷаноб аст барои ниқобпӯшӣ. Куртаи он хеле ғафс ва мулоим буда, он аз шароити хунук ва шадиди зист муҳофизат мекунад. Дар тобистон куртааш қариб сафед мешавад. Бадани тунук, дароз, чандир, пойҳои нисбатан кӯтоҳ, сари хурд ва қаиқи хеле дароз дорад.
21 Октябрь 2025
Аксияҳои умумивилоятии “Тозагии маҳал”, “Тозагии шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон 17 сентябри соли ҷорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баён доштанд, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, таъмин намудани вазъи экологии мусоиди муҳити зист, дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тоза нигоҳ доштани манбаҳои об, шоҳроҳҳо, маҳалли зист аз ҳар гуна партовҳо, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳудуди вилоят аксияҳои “Тозагии маҳал”,“Тозагии шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия сокинони шаҳру ноҳияҳо, аҳолии ҷамоату деҳот, кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳамагӣ 6320 нафар фаъолона иштирок намуда, ҳаҷми партовҳои баровардашуда 141 м3, масофаи тозакардашуда 22 800 м2 ташкил дод. Дар доираи баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Исфара 2 ҳолат, ш.Истаравшан, ш.Хуҷанд партовҳои бесоҳиб бо ҷалби техникаҳои коммуналӣ ва борбардор бартараф карда шуд. Рафти аксияҳо тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Сафина ва Синамо ба навор гирифта шуд.
17 Октябрь 2025
Семинари ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ дар МД маҷмааи фарҳангӣ – таърихии «Қалъаи Хуҷанд»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Э
косистемаҳои Осиёи Марказӣ, аз кӯҳҳо то заминҳои лалмӣ, дар зери таҳдиди амалҳои ноустувори истифодаи замин ва таъсири афзояндаи иқлим қарор доранд. Соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар намуди истифодабарии замин бо мушкилоти рӯзафзун, аз ҷумла шароити номусоиди обу ҳаво, обшавии пиряхҳо ва таназзули замин рӯбарӯ мешаванд, ки ҳамаи онҳо ба ҳосилнокӣ, амнияти озуқаворӣ ва воситаҳои зиндагии деҳот халал мерасонанд. Манзараҳои муштараки фаромарзии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ниёз ба вокунишҳои ҳамоҳанг ва фаромарзӣ доранд. Дар ҷавоб ба ин мушкилотҳои муштарак, пешнависи лоиҳаи минтақавӣ оид ба «Манзараҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ» дар ҳамкорӣ бо шарикони миллии ин се кишвар таҳия карда шуд. Он ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ, баланд бардоштани иқтидор ва татбиқи низомҳои ҳамгирошудаи истифодаи замин, ки ба тағйирёбии иқлим устуворанд, равона шудааст. Дар ин замина, баргузории семинари ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми ваколатдори миллии Фонди иқлими сабз дар кишвар ва ташккилоти GIZ бо мақсади таъмини ҳамгироии афзалиятҳои миллӣ ва воқеиятҳои маҳаллӣ дар банақшагирии лоиҳа пешбинӣ гардида, диққати асосӣ бахусус ба вилоятҳои Суғду Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла водии Фарғонаи вилояти Суғд ва минтақаҳои вилояти Хатлон, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошанд, равона шудааст.
«Форуми сеюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир» дар шаҳри Гулистон баргузор гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар масъалаҳои идоракунии комплексии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист, дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми сеюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир» бо дастгирии шарикони рушд, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва мусоидати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Раёсати маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагӣ ва Идоракунии захираҳои оби минтақаҳои ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории форум ин фароҳам овардани имконият барои аҳолӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар беҳтар кардани дастрасӣ ба об ва коҳиши хатарҳои обӣ тавассути чорабиниҳои таълимӣ ва амалии экологӣ мебошад. Аҳамияти чорабинӣ дар муттаҳид сохтани ҷавонон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор ва беҳтарсозии вазъи экологӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ифода меёбад.
16 Октябрь 2025
Амалиёти назоратӣ дар самти ҳифзи манбаъҳои обӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Т
ибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назорати давлатӣ мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар соҳилҳои дарёи Сир ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ифлос намудани соҳили манбаъҳои обӣ бо партовҳоро аз тарафи сокинони ноҳия -ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашонӣ Нуруллоев К. ва дигарон ошкор намуданд. Дар натиҷа нисбати конуншиканон барои ифлос намудани соҳили манбаъҳои обӣ бо дастрасии моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Шаҳрвандони азиз!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
А
гар шумо ронандагонеро мушоҳида намоед, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз дохили нақлиёт партовҳоро ба канори роҳ мепартоянд - лутфан, бо телефони мобилии худ акс гирифта, онро тавассути Telegram ё WhatsApp ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо рақами +992 (99) 666-96-99 ирсол намоед. Аз ҳамаи ронандагон ва мусофирони нақлиётҳо даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми сафар талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зистро риоя намоед. Зеро тибқи талаботи моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст, ки барои риоя накардани талаботи мазкур қонунгузорӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 375 то 750 сомонӣ, ба шахсони мансабдор аз 1125 то 1500 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст. Ҳар як амал муҳим аст! Бо масъулияти шаҳрвандӣ барои тозагии муҳити зисти худ саҳмгузор бошем!
Ба сӯзиши хазон роҳ надиҳед!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
С
ўзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ қатъиян манъ аст. Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад. Мутобиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи муҳити зист роҳ додан ба сўзонидани партов боиси хурӯҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Таъкид менамоем, ки дар қатори дигар партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд. Бехабар аз он ҳастанд, ки дар натиҷаи сӯхтани ин гуна мавод ба ҳавои атмосфера моддаҳое ба саломатии мавҷудоти зинда зарраррасон, ба монанди дуда, оксиди карбон, ангидриди олтингӯгирд, оксидҳои нитроген ва диоксинҳою фуран, ки ба гурӯҳи моддаҳои устувори органикӣ шомил мебошанд, ихроҷ гардида аввал ба роҳи нафаси одамон, баъдан бо бӯи ғализ ва дудаи худ дохили ҳуҷраҳои биноҳо шуда, ба муҳити атроф ва сипас ба ҳавои атмсофера дохил гардида, оқибат ба раванди метеорологӣ ҳангоми боришоти атмосферӣ бо оби борон ҳамроҳ гардида, ҳангоми ба замин рехтан ба таркиби хок дохил шуда, хокистартӯдааш ба воситаи оби ё боришот ҷаббида гардида, ҳамчун маҳлули ишқорӣ ба манбаъҳои обӣ ҷорӣ мегардад.


