Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Спитамен

 Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, иҷрои нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар ноҳия Спитамен амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 32 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент

 Баҳри иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.

Шанбегӣ дар оромгоҳ бахшида ба Иди саиди Қурбон

   Дар арафаи Иди саиди Қурбон бо мақсади тозаву обод намудани оромгоҳҳо бо ташаббуси раисони маҳаллаҳо дар оромгоҳи  ҷамоати деҳоти Масчоҳ шанбегӣ  баргузор гардид. Бо иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллаҳо ҳудуди оромгоҳ аз ҳар гуна хасу алафҳои хушкшуда тоза карда шуд. Баргузории чунин шанбегиҳо дар оромгоҳ ҳисси эҳтиром нисбати гузаштагон буда, дар  шароити имрӯза баҳри пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ ниҳоят муҳиму муфид аст.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон

   Баҳри иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар шаҳр  амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт  28 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.