Аксияи «Тозагии махал ва роҳ» дар шаҳри Истаравшан

    Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Санаи 22 август дар шаҳри Истаравшан аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» бо иштироки дастҷамъонаи қариб 1,5 ҳазор аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо доир гардид. Ҷараёни аксия  2400 метр ҷуйбор тоза карда шуда, роҳравҳо ба масоҳати 2 ҳазор метр таъмир гардид Инчунин ба партовгоҳи шаҳр 16,5 м3 партов бароварда шуд.

Шанбегӣ дар ноҳияи Б.Гафуров

    Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки кормандони хамаи сохторҳои ноҳия новобаста аз рӯзи корӣ баргузор шуд. Дар аксия 1065 нафар иштирок намуда, ҳудуд ба масофаи 12594 м2 ва  қадди  роҳҳо  15770 м. тоза карда шуд.  Ба партовгоҳи ноҳия 31,4 м3 партов бароварда шуд.

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Ҷ.Расулов

Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар ноҳияи Ҷ.Расулов  амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

    Дар рафти амалиёт  40  адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳашари дастаҷамъона дар ноҳияи Масчоҳ

Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ бо иштироки аҳолӣ ва кормандони мақомоти  иҷроияи ҳокимияти маҳалии ноҳия ҳашари дастаҷамъона баҳри тозагии муҳити зист анҷом дода шуд. Дар ин чорабинӣ, ки ба хотири сазовор истиқбол гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳия бо масъулияти баланди шаҳравандӣ  иштирок намуда, дар тозагиву ободии гӯшаи диёри худ саҳмгузор шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.