Баргузории аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» дар вилояти Суғд

 Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштану беҳтар намудани вазъи экологии кӯчаю маҳаллаҳо, заминҳои кишоварзӣ, шафати роҳҳо, соҳилҳо, ҷӯю каналҳо ва дарёҳо санаи 17 апрели соли равон бо ҷалби бештари шаҳрвандон, ҷавонону варзишгарон, кормандони корхона, ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз тобеъият ва шакли моликият аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.Дар аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» беш аз 50603 нафар ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок доштанд.

 Дар рафти аксияҳо тоза намудани ҷӯйбор, заҳбуру заҳкаш ба 61209,5 метр, тоза намудани қадди роҳҳо аз партовҳо – 99130 метр ва беш аз 347,23 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ ҷойгиронида шуданд. Ҳамчунин дар доираи чорабинии мазкур тоза намудани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин – 71581 метри мураббаъ, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона - 4600 метри мураббаъ, таъмири нуқта ва қуттиҳои ҷамъоварии муваққатии партовҳо ва бартараф намудани нуқтаҳои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои бесоҳиб бо ёрии техникаҳои зарурӣ, сафед намудани пояҳои дарахтон - 18689 бех, шинонидани дарахтони мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ – 580 бех, гулҳои ороишӣ 20857 дона, тоза намудани соҳилҳои манбаҳои обӣ 36350 метр, сафед намудани ҳусни зоҳирии биноҳо-3786 метри мураббаъ, сафед намудани роҳгаштҳо 950 метр ба иҷро расонида шуд. Рафти баргузории аксияҳо аз ҷониби наворбардорони ТВ Тоҷикистон ва телевизиони вилояти Суғд ба навор гирифта шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://www.ecosugd.tj/ru/news/875-tmahalshnbegi042021.html#sigProGalleria05df39abb9
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.