Д
ар иқдоми «Тоза нигоҳ доштани муҳити зист – одоби инсонист!" аз шаҳру ноҳияҳо сокинон фаъолона иштирок доранд. Аз тарафи сокини шаҳри Бўстон акси хазонҳои ҷамъшуда ва партовҳои маишӣ дар кўчаи Киров ба мессенҷери сарраёсат ирсол шуда, дар натиҷа таҳти назорати бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бўстон ва масъулини КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ" пурра тоза карда шуд. Телефони боварӣ шабонарўзӣ фаъол буда, ҳар як сокини вилоят метавонад оид ба ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тариқи мессенҷерҳои вотсап ва телеграмм хабар расонад. Шаҳрвандони гиромӣ, ба тозагиву ободии ҳар як гўшаи ватанамон бетараф набошед!
Насби баннерҳои экологӣ дар шаҳри Истиқлол
Б
о мақсади иҷрои нақшаҳои созандаву бунёдкорона, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Истиқлол 2 адад баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Ҳадаф аз насб намудани баннерҳои экологӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф , ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз дохили нақлиёт напартофтани партовҳо ба канори роҳҳо ва ба ҳамин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Ҳолати ошкор намудани буриши ғайриқонунии дарахтон дар шаҳри Конибодом
Ҳ
ангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами наботот, тибқи нақшаи кории тасдиқгардида кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар ҷамоати деҳоти Пӯлотон худсарона бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист буриши 2 бех дарахти зардолуро ошкор намуданд. Дар натиҷа нисбати қонуншикан – сокини шаҳри Конибодом Сулаймонов А. мутобиқи моддаҳои 45, 62, 64-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва моддаи 242 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.
11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор
Ҷ
умҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои ҷадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад ва қариб 15 фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад.
Сайди ғайриқонунии парандаи саъба дар шаҳри Панҷакент
Ҳ
ангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ, ҷиҳати иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи олами ҳайвонот дар шаҳри Панҷакент аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат бо якҷоягии нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар минтақаи дашти Навободи ҷамоати Лоиқ Шералӣ ҳолати сайди ғайриқонунии парандаҳои саъба ошкор карда шуд. Дар натиҷа нисбати 2 нафар сокинони шаҳри Истаравшан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои расонидани зарар ба олами ҳайвонот маблағи зарар пешниҳод гардид. Саъбаҳои сайдшуда дар ҳузури қонуншиканҳо ба муҳити табиӣ сар дода шуд. Боиси нигаронист, ки вақтҳои охир қонуншиканҳо сайди ғайриқонунии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда истодаанд, ки боиси дар байни ҷомеа тарғиб намудани рафтори ғайриқонуниашон ва зарар ба табиат мебошад. Аз инрӯ аз шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки аз ҷой намудани ин гуна наворҳо худдорӣ намоянд ва ба шикори ғайриқонунии парандагон роҳ надиҳанд.
Страница 1 из 326






