Санаи 30 январ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷашни Иди Сада дар баробари дигар сохтору ташкилотҳо кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят фаъолона иштирок доштанд. Дар ярмарка фурӯш аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист ниҳолҳои дарахтони нодиру ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо ба монанди санавбар, сарви аризонӣ, сарвинози тиллоӣ дар кӯза, коҷи кабуд, шамшоди калон, палма, магнолия, булут, каштани калон, каталпаи зебо, чинор, булут, сада, бирючинаи ҷилодор, юкка, коҷи кабуд,гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои мевадиҳанда олуча, зардолу, олу, олучаи куҳӣ ба намоиш гузошта шуд. Тибқи талабот ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳо бо шиору овезаҳо ва зарфҳои махсус оро дода шуда, номгӯи ҳар яки онҳо бо навиштаҷот гузошта шуд.
Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Конибодом
Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, дар асоси нақшаи корӣ аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон дар ҳудуди шикоргоҳ, воқеъ дар болооби обанбори Баҳри Тоҷик корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии резаи гандум - 400 кг, ҷав - 100 кг, ҷуворимакка - 300 кг пошида шуд.
Иштироки Сулаймон Зиёзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва ҳайати ҳамроҳонашон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия баргузор гардид, иштирок намуданд. Маъракаи мазкур бо мақсади беҳтар кардани муҳити зист, рушди фазои сабз ва баланд бардоштани сифати ҳаво дар минтақаи Мастчоҳ баргузор гашт. Хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади парвариши ниҳолҳои гуногуни ба иқлими минтақа мутобиқ ташкил карда шудааст. Масоҳати умумии хоҷагӣ 5 гектарро ташкил дода, тибқи нақша дар ин минтақа беш аз 200 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида мешаванд. Ин иқдом ба беҳтар намудани муҳити зист ва баланд бардоштани сифати ҳаво дар минтақа мусоидат мекунад, ки мувофиқ бо дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарғиби фарҳанги экологии кишвар ва пешгирӣ аз тағйироти манфии иқлим аст.
Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Исфара
Дар асоси нақшаи корӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамҷоягӣ бо ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар минтақаи куҳи Сиёҳ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии донҳои гуногун - 800 кг, сабзӣ - 200 кг, картошка - 200 кг, шалғам - 200 кг, намак - 100 кг, 20 адад бастаи коҳ пошида шуд. Тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди бузи кӯҳӣ, кабк, харгӯш, уқоб ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.
Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Спитамен
Дар асоси нақшаи корӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен бо мақсадибеталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар наздикии соҳили дарёи Сир корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии резаи гандум - 350 кг, ҷуворимакка - 200 кг., резаи биринҷ – 150 кг пошида шуд.
Страница 8 из 311