Дар асоси нақшаи корӣ, гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ бахшида ба 21 март - Рӯзи байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо бо ташабуси бахши ҳифзи муҳити зист дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ҷамоати деҳоти Оббурдон дар ноҳияи Мастчоҳ конфронси илмию адабӣ гузаронида шуд. Конференсия бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Масчоҳ, намояндаи шуъбаи маориф, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, омӯзгорону хонандагон доир гардид. Хонандагони муассиса доир ба ташабусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба обу иқлим, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамасола таҷлил шудани 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 22 март - Рӯзи байналмилалии об баромадҳо намуданд. Дар интиҳои чорабинӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Масчоҳ иштирокчиёни фаъоли чорабиниро бо тӯҳфа ва сипосномаҳо қадрдонӣ намуданд.
Семинари омӯзишӣ бахшида ба 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо
Бо мақсади иҷрои мактуби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.01.2025 сол, № 1/19-01-214 доир ба гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳо бахшида ба 21 март - Рӯзи байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 семинари омӯзишӣ байни хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуд. Хонандагон ва омӯзгорон вобаста ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз он ҷумла масъалаи об ва ҳифзи пирьяхҳо , ки нақши хеле муҳим дорад баромадҳо намуданд. Омӯзгорони муассиса низ баргузории чунин чорабиниҳои иттилоотиро саривақтӣ арзёбӣ намуданд, ки ин барои ҳидоят намудани насли наврас ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва арҷ гузоштан ба табиати биҳиштосои кишварамон ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мусоидат менамояд.
Мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳифзи пирьяхҳо- ҳифзи ҳаёт дар сайёраи замин»
Ба ифтихори эълони санаи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо муассисаи таълимии № 24 бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо- ҳифзи ҳаёт дар сайёраи замин” баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ҳадафи ташкилу баргузории онро ба ҳозирин шарҳ дода, ҳамчунин иштирокдоронро ба муносибати санаҳои муҳими ҷашнӣ табрику муборакбод намуд. Устодону хонандагони муассиса дар мавзӯъҳои “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти обу иқлим”, “Вазъи кунунии пиряхҳои Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии обшавии онҳо” ва “Паёмадҳои тағйирёбии иқлим дар водии Фарғона” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва маълумотҳои ҷолиб дар назди ҳозирин баромад карданд.
Баргузории вохӯриҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии об
Ҳангоми гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии об ду вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ташкил карда шуд. Вохӯриҳо бо омӯзгорону хонандагон, аз он ҷумла аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5 ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва №26 ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ.Расулов доир гардида, ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маълумот дар бораи ин санаҳои муҳими экологӣ, муаммоҳои экологии ҷаҳонӣ оид ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, парандаи сол ва дигар маълумот вобаста ба мавзуъ пешниҳод гардид. Дар интиҳои ҳар як вохӯрӣ ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимии мазкур як ададӣ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводи иттилоотӣ аз номи сарраёсат тақдим карда шуд.
Конференсия бахшида ба 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 22 март – Рӯзи байналмилалии об
Дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҷлили санаҳои 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 22 март – Рӯзи байналмилалии об конференсияи минтақавии ҳавзавии Сирдарё барпо гардид. Пеш аз оғози конференсия дар толори даромадгоҳи меҳмонхона намоиш - озмуни расмҳои бачагонаи тарбиятгирандагони мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Пиряхҳо ва об — сарвати табиатро барои оянда нигоҳ дорем» ба амал омада, ғолибон ва иштирокчиёни намоиш – озмун бо сипосномаю тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Боиси қайд аст, ки дар конференсия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, менеҷери Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон, Котиботи байналмилалӣ оид ба об, сохторҳои давлатии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, кишоварзӣ, маориф, Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Маркази обуҳавосанҷӣ, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё, шӯроҳои хурди ҳавзавии дарёҳои Исфана ва Оқсу, идораи «Хуҷандобуканал», Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва «Зан ва ҷомеа», ташкилоти байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ, олимони донишгоҳҳо, коршиносон, васоити ахбори омма ва дигар шахсони тарафҳои манфиатдор аз вилоят, инчунин собиқ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи даъват иштирок ва баромад намуданд.
Страница 4 из 311