Натиҷаҳои амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар моҳи майи соли 2020

Дар асоси фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 31.03.2020, №18 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020» аз санаи 1 апрел то 15 июни соли чорӣ дар обанборҳо ва дарёҳои ҳудуди вилоят сайди моҳи маън карда шуда буд. Бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ ва фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ, ҳамчунин пешгирии қонунвайронкуниҳо дар давраи тухмгузории моҳиҳо, Ситод вилоятӣ дар ҳайати 14 нафар, нозирони давлатии шуъба ва зерсохторҳои раёсат ҷиҳати пурзўр намудани назорати давлатӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳои якҷоя оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ корбарӣ намуданд.

Аёдати собиқадорони соҳа бахшида ба санаи 5 июн

 Санаи 30 майи соли равон бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист аз ҷониби сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд як қатор собиқадорони меҳнат, ки солҳои тўлони дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият кардаанд ва дар айни замон дар нафақа мебошанд аёдат карда шуд. Аз ҷумла, собиқадоронро дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов хабар гирифта, ба онҳо кўмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чораҷўии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва баҳри иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба баргузор намудани Рўзи байналмилалии муҳити зист амалӣ гардид.

Аксия бахшида ба санаи муҳими экологӣ - 5 июн

 Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 30 майи соли ҷорӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Яке аз онҳо ин аксияи тақдим кардани маводи пешгирикунанда аз касалии коронавирус COVID– 19 ба кормандони корхонаи ободонии шаҳри Хуҷанд, ки бо рўбу чини кўчаю хиёбонҳо машғул мебошанд. Субҳи рўзи шанбе аз ҷониби кормандони раёсат, ки барои онҳо  футболка ва кепка бо навиштачот пешаки омода гардида буд, дар кўчаҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон ба занҳо – рўбандаи корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, кормандони хадамоти партовкашонӣ ва инчунин шаҳрвандони эҳтиёҷманд маводи пешгирӣ, аз он ҷумла ниқоб, дастпўшаки резинӣ, маводи антисептикӣ ва варақаи иттилоотӣ оид ба қоидаҳои бехатарӣ тақдим карда шуд. Дар маҷму, дар рафти аксия 1,5 ҳазор чунин мавод дастрас гардид.

Корҳои безараргардонӣ дар шаҳри Конибодом

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваьдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва банди 9-и Нақшаи чорабиниҳо барои баргузор намудани Рўзи байналмиллалии муҳити зист оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи сироятёбӣ аз бемории коронавируси «COVID-19» аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти  шаҳри Конибодом дар якҷояги бо кормандони Маркази назоратӣ давлатии санитарию эпидемиологӣ санаи 26-27 майи соли 2020 дар хиёбонҳои марказии шаҳр, гулгаштҳо ва боғи фаоҳангию фароғатӣ, нуқтаҳои муваққатан ҷамъоварии партовҳо бо истифода аз маҳлулҳои кимиёвӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.