Амалёти ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020

 Дар асоси фармоишҳои Раиси Кумита ва сардори раёсат «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020» аз ҷониби Ситоди раёсат ва гурўҳҳои корӣ амалиётҳои фаврӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ва обанборҳои вилояти Суғд гузаронида шуда истодааст. Дар давоми ҳафтаи охир аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар болооби обанбори Баҳри Тоҷик, минтақаи Маҳрам, амалиёти фаврии муштарак гузаронида шуд. Дар натиҷаи амалиёти шабонарўзӣ шахсони ба қонунвайронкунӣ роҳ дода ошкор гардида, дар маҷмўъ 50 адад тўр бо дарозии умумии 4 километр, 75 адад моҳии ғайриқонунӣ сайд шуда (суфмоҳӣ ва ғайра), 2 адад либоси махсуси резинӣ, 1 насоси қаиқи резини ва 1 адад чангаки калони тўрбардорӣ мусодира карда шуд. Маводи тартиб дода ба мақомоти прокуратура барои дида баромадани амалҳои ҷиноятӣ пешниҳод гардид.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Санаи 4 июни соли равон дар  ҳудуди раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  бахшида ба  Рӯзи  байналмилалии муҳити зист маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар он муовини Раиси вилояти Суғд Р.Каримзода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Х.Бобозода, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд С.Акбаров ва намояндагони соҳаи кишоварзӣ, аз он ҷумла Идораи пилла ва Кумитаи идораи замини вилоят, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳа ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Сараввал пеш аз оғози чорабиӣи муовини раиси вилоят Р.Каримзода ва дигар меҳмонон аз китобхонаи Раёсат, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст, дидан намуданд.

Аксияи безараргардонии кўчаву бағҳои фарҳангию фароғатӣ

 Дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар кӯчаву хиёбонҳо, минтақаҳои истироҳатӣ ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров  корхои безараргардонӣ бо ҷалби беш аз 20 адад техника ва 52 адад таҷҳизоти махсус, зиёда аз 70 тонна маводи  тамизкорӣ ташкил ва гузаронида шуд. Муовини раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Мухаммадзода ба чорабининии мазкур ҳусни оғоз бахшида, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро бо иди соҳавӣ муборакбод намуданд. Аз ҷониби сардори раёсат Ҳакимзода А.Қ. дар харитаи шаҳри Хуҷанд ҷойҳои безараргардонида мешуда нишон дода шуд ва  ташаббуси мазкур аз тарафи роҳбарияти вилояту шаҳр саривақтӣ арзёбӣ гардид, зеро тозагии муҳити зист ин кафолати солимии ҷомеа маҳсуб меёбад. Боиси қайд аст, ки ин иқдом дар асоси нақшаи чорабиниҳо идома меёбад.

Омодагии обутобгоҳҳои шаҳри Хуҷанд

 Бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бо иштироки кормандони корхонаи ободонии хоҷагиии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд корҳои омодагии обутобгоҳи соҳили чапи дарёи Сир ба мавсими тобистонаи соли равон гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ зиёда аз 100 нафар иштирок намуда, ҳамчунин нақлиётҳои партовкашони муассисаи махсуси шаҳр ҷалб гардид. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои тоза намудани ҳудуди обутобгоҳ аз алафҳои бегона ва партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ ва рўбучин кадани роҳравҳо беш аз 11 метри мукааб партовҳо бароварда шуд. Ҳамзамон, ҷўякҳои зери гулҳои мавсимӣ ба тартиб оварда шуда, тоза намудани ҷойҳои либосивазкунӣ ва дигар таҷҳизотҳои ба истироҳаткунандагон зарур амалӣ гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.