Аксияи «Тозагии махал» дар н.Б.Ғафуров

  Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов бо иштироки 160 нафар  кормандони ҷамоати шаҳраку деҳот ва корхонаву ташкилотҳоаксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Рафти аксия кади роҳҳо 3000 м тоза карда шуда, 4 тн.партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Хуҷанд : Вусъати ҳашарҳои дастҷамъона

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд  вусъати тоза  касб кардааст. Дар ин росто ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат  дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд  гузаронидани ҳашарҳои дастҷамъона ба ҳукми анъана даромадааст. Дар рӯзҳои истироҳатӣ сокинони маҳаллаҳо ва кормандони идораву ташкилоту муассисаҳо ба ҳашар баромада, барои  тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва маҳалли зисти худ корҳои назаррасро ба анҷом  мерасонанд.

Аз ҷумла, дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи хиёбони Истиқлол  чунин ҳашари дастҷамъона   гузаронида шуда, заминҳои шафати роҳи мазкур аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуданд.

Корҳои профилактикӣ дар шаҳри Бӯстон

 Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рузи Ваҳдати миллӣ корҳои ободонию созандагӣ  бомаром  идома дорад. Бо ин мақсад тибқи накшаи чорабиниҳои  бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бӯстон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар як қатор мавзеҳои кабудизори шаҳр, кӯчаву  хиёбонҳо ва боғи истироҳатии шаҳр, бо истифодаи техникаи махсус корҳои профилактикӣ гузаронида шуд. Бояд қайд кард, ки ҳангоми азназаргузаронии мавзеҳои кабудизори шаҳр ҳодисаҳои ба касалӣ гирифтор шудани ниҳолҳо ва дарахтон мушоҳида гардид, ки ин боиси рехтани баргҳои дарахтон ва хушкшавии онҳо гардида, ба ҳолати экологӣ ва эстетикӣ таъсири манфӣ  расонид. Ба сохторҳои масъул  тавсия дода шуд, ки бо мақсади тезтар барқарор кардани дарахтони касал онҳо бояд  бо маводҳои иловагии ғизоӣ таъмин карда шуда,  обмонии дарахтон ва ниҳолҳо мунтазам ба роҳ монда шавад. Тибқи тавсияи дарахтшиносон (дендрологҳо) корҳои профилактикӣ  ҳар  20-25 руз гузаронида мешавад.

Ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо

   Баҳри иҷроиши нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои  назоратӣ дар маҳаллаи нави шаҳри Бустон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон – Солиев Ҳ. ҳангоми ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои истехсолии сохтмонӣ ошкор карда шуд. Маводи тартибдода барои баррасӣ ба прокуратураи шаҳрӣ фиристода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.