Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Спитамен

     Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен тибқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ тариқи ҳашар бо иштироки аҳолии ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳия бо истифодаи 2 адад техника роҳи асосӣ  аз партовҳои бесоҳиб  тоза карда шуд. Рафти ҳашар 10 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи марказии ноҳия бароварда шуд.

Мониторинги ҳолати радиатсионӣ дар вилояти Суғд

 Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи нақшаи корӣ мунтазам, ҷиҳати муайян намудани сатҳи радиатсонӣ дар партовгоҳхои радиофаъол, ченкунии гамма - афканишоти радионуклидҳои табииро мегузаронад. Аз он ҷумла, дар давоми соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд - 11 нуқта, Бўстон - 6 нуқта, Истиқлол - 11 нуқта ва ноҳияи Б.Ғафуров дар 11 нуқта мониторинги гамма – афканишоти радионуклидҳои табиӣ гузаронида шуд, ки сатҳи он аз меъёри муқарраргардида зиёд ба қайд нарасид. Бо мақсади ба ҳолати бехавф овардани партовгоҳҳои радиоактивииКВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», «Барномаи тадбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардида буд.

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ

    Бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  дар  сатҳи  баланд  пешвоз гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Куҳистони Масчоҳ корҳои ободониву тозагии муҳити зист бомаром идома дорад. Дар маркази ноҳия бо ҷалби васеи аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуда, майдону ҷуйборҳо  аз алафҳои бегона тоза карда шуда, гулҳои ороишӣ  шинонида шуд. Ҳамчунин дар деҳаи Ғузни ноҳия бо иштироки сокинони деҳа  ҳашар гузаронида шуда, барои таъмини аҳолӣ бо оби хушсифати нӯшокӣ ва полезӣ таъмири ҷории ҷуйбор ба дарозии 350 м  гузаронида шуд.

Санаи экологӣ 17 июн - рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайхи биёбоншавӣ ва хушксолӣ

Биёбоншавӣ – яке аз муаммоҳои замони муосир мебошад, ки дар зиёда аз 100 кишвари олам ба мушоҳида мерасад, яъне панҷяк ҳиссаи аҳолии рӯи замин бо ин муаммо рӯ ба рӯ аст. Бо назардошти ин мушкилот Маҷмаи умумии СММ соли 1994 дар бораи эълони Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ дар санаи 17 июн қарор қабул намуд. Дар худи ҳамин сол Конвенсияи СММ оид ба биёбоншавӣ қабул гардид. Аз кишварҳои аъзо даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин рӯз (17 июн) оид ба баланд бардоштани иттилооти аҳолӣ дар мавриди зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо биёбоншавӣ ва оқибатҳои хушксолӣ ва татбиқи Конвенсияи СММ доир ба мубориза бо биёбоншавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ғайр аз он, худи биёбонро ҳамчун экосистемаҳои муҳим ва ҳамчун макони тамаддуни қадимӣ муҳофизат кардан зарур аст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.