Чорабиниҳои экологӣ дар ноҳияи Ашт

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Ашт аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии роҳ» гузаронида шуд. Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо ҷалби аҳолӣ ва кормандони коргоҳҳо, муассисаҳо ва ташкилот, дар маҷмўъ 2330 нафар як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Дар рафти аксияҳо 11,3 км ду тарафи роҳҳои асосӣ, 1,5 ҳазор метри мураббаъ саҳни ҳавлии ташкилоту идораҳо ва ҷўйборҳои қадди роҳҳо аз партовҳо тоза карда шудаанд. Ҳамчунин, партовҳои бесоҳиб дар ҳаҷми 5,8 тн ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд. Дар ҷамоати деҳоти Ашт, Понғоз, Пунук, Ошоба ва Шайдон ду тарафи сойҳо низ аз партовҳо тоза гардид.

Баҳри ободу тоза нигоҳ доштани ҷойҳои истироҳати мардум, бо иштироки 220 нафар намояндагони ташкилоту идораҳои маркази ноҳия, дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳраки Шайдони чунин аксия баргузор гардид. Ҳамзамон, бобати пешгирӣ аз касалии пандемия коронавирус COVID – 19 дар ҷамоати шаҳраку деҳот, хусусан маҳаллаҳои аҳолинишин ва хонаҳои истиқоматӣ корҳои безараргардонӣ ва дигар тадбирҳо андешида шуд.

Чорабиниҳо бахшида ба санаи 5 июн дар ноҳияи Ҷ.Расулов

 Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист як қатор тадбирҳо андешида шуд. Мувофиқи чорабиниҳои пешбинигардида дар ҳудуди ноҳия ду маротиба аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар бо иштироки аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот, кормандони муассисаҳо ва ташкилоти ноҳия   гузаронида шуд. Дар натиҷаи ҳашарҳои мазкур 9 км қадди роҳҳои нақлиётгарди ҷамоати шаҳраки Меҳробод, 7 км ҷўйбор, аз чумла дар ҳудуди мавзеи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, 1 км селроҳаҳои «Исфанасой» ва «Томчисой» аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, кўчаю хиёбонҳои ҷамоати шаҳраку деҳот аз алафҳои бегона ва хушк тоза гардида, дар маҷмўъ 24 метри мукааб партовҳо бо воситаи нақлиёти хоҷагии манзилию коммуналӣ ба партовгоҳи марказии ноҳия бароварда шуд.

Чорабиниҳо бахшида ба санаи 5 июн дар шаҳри Истиқлол

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист як қатор амалиётҳо ва чорабиниҳо баргузор гардид. Бо ташаббуси бахш аксияи тақдим кардани маводи пешгирикунанда аз касалии коронавирус COVID – 19 ба шаҳрвандон, ки бо корҳои ободонии кўчаю маҳаллаҳо машғул буданд, маводи пешгирӣ, аз он ҷумла ниқоб ва дастпўшаки резинӣ тақдим карда шуд. Кормандони бахш ҳангоми баргузории аксия бо футболка ва кепка бо навиштачот буданд.

Ҳамчунин, дар арафаи Рўзи байналмилалии муҳити зист собиқадорони соҳа, ки солҳои қаблӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, хусусан дар шаҳри Истиқлол фаъолият карда буданд, аз ҷониби мудири бах шва кормандон аёдат гардидаанд.

Корҳои омодагӣ ба ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ

 Дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Панҷакент бо тантана 5500 солагии Саразми бостонӣ чашн гирифта мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни мазкур корҳои ободониву созандагӣ  бомаром  идома дорад. Дар рафти маъракаи кабудизоркунӣ бо мақсади кабудизор намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ аз чониби мақомоти ҳифзи муҳити зист 500 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи гуногун харидорӣ ва дар ин минтақа шинонида шуда буд.

   Санаи 8 июни соли ҷорӣ дар мамнуъгоҳи Саразми бостонӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент зиёда аз 5 ҳазор бех гулҳои ороишӣ, аз он ҷумла гули навъи «марҷонгул» шинонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.