Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972 таъсис додааст ва аз ҳамон вақт инчониб ҳар сол аз ҷониби мардуми ҷаҳон 5 июн дар аксар кишварҳои дунё қайд карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии мо Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии муҳити зист аз соли 1988 ва ҳамчун иди давлатӣ аз соли 2008 инҷониб дар сатҳи баланд ыайд карда шуда, ба ҳалли масъалаҳои экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад.
Барои таҷлили глобалии ин санаи экологӣ одатан, яке аз кишварҳои дунё интихоб мегардад. Ғайр аз ин ҳар сол барои таҷлили ин санаи муҳими экологӣ шиори ид пешниҳод мешавад.



Д
Мувофиқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Исфара гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 16 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳри Исфара ирсол гардид.
Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобали замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба этибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда